АКС: Вокуниш ба аксгузориши “Партовҳои сари роҳ дар Хуҷанд...”: Тамизи кӯчаҳо ва “дарси” маърифати экологӣ
Пас аз нашри гузориши аксии “Партовҳои сари роҳ дар Хуҷанд...”-и “Озодагон” шаҳрдории Хуҷанд ба тамиз кардани кӯчаҳо шурӯъ кардааст.
Сокинони маҳаллаи 28 мегӯянд, шурӯъ аз шоми дирӯз масъулин партовҳоро гирифта, кӯчаҳоро тоза мекунанд: “Ба истиқоматкунандаҳои маҳалла доир ба маърифати экологӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи макони будубоши худ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд”.
Хабарнигори “Озодагон” субҳи имрӯз, 4 октябр дубора ба ин маҳалла рафт ва чанд аксе ҳам бардошт, ки нашр мешавад.