Норозигии Президент аз сатҳи дохилшавии ҷавонони Кӯлоб ба донишгоҳҳо
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон сатҳи дохилшавии ҷавонони Кӯлобро ба донишгоҳу доникадаҳо ғайриқаноатбахш баҳогузорӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш дар маросими ифтитоҳи мактаби нави № 34-и шаҳри Кӯлоб гуфт, соли хониши 2015-2016 макотиби шаҳрро зиёда аз сеюним ҳазор нафар хатм намудаанд: “Аз ин 2 ҳазору 800 нафар дар Маркази миллии тестӣ аз қайд гузашта, 1650 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат дохил шудаанд. Ин рақам 46 фоизи довталабонро ташкил медиҳад, ки ҳоло ҳам қонеъкунанда нест”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зикри шароитҳои муҳайёнамудаи ҳукумат афзуд, хонандагон низ вазифадоранд, ки аз ин шароиту имконияти барояшон муҳайёгардида самаранок истифода карда, дар оянда ҳамчун кадрҳои замонавӣ ба камол расанд. Ӯ як омили муҳимми саводнокии хонандагонро дар сатҳи аъло донистани забони модарӣ ва хуб аз худ кардани забонҳои хориҷӣ гуфт: “Бори дигар ёдовар мешавам, ки донистани забонҳои хориҷӣ ба ташаккул ва тавсеа ёфтани мафкураву ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон мусоидат мекунад ва барои онҳо дар самти азхудкунии техникаву технологияҳои навтарин, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ роҳи васеъ мекушояд”.
Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони муассисаҳои таълимиро муваззаф намудааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ҷалби ҳарчи бештари падару модарон ва фаъолону зиёиён корро дар самти татбиқи Қонуни «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» беҳтар ба роҳ монанд: “Агар мо хоҳем, ки оянда Ватанамон ободу зебо ва Тоҷикистони азизамон дар қатори кишварҳои пешрафта қарор дошта бошад, бояд ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас бо камоли ҷиддият ва масъулият муносибат кунем. Фарзандони худро тавре тарбия намоем, ки ба омӯхтани илму дониш майлу рағбати доимӣ дошта бошанд ва ҳамчун насли соҳибмаърифату забондон, дорои ҷаҳонбиниву тафаккури васеъ ва мисли падару бобоёни шарафманди худ шахсони ватандӯсту ватанпараст ба воя расанд”.