Вазъи фавқулодаи Туркия се моҳи дигар тамдид шуд
Вазъи фавқулода дар Туркия, ки баъди кудетои нокоми ҳарбиён ҷорӣ шуда буд, барои се моҳи дигар тамдид шудааст.
Anadolu аз қавли Нумон Куртулмуш, муовини нахуствазири Туркия навиштааст, вазъи фавқулода шурӯъ аз 19 октябр барои 90 рӯзи дигар дароз карда мешавад. Дар Туркия 20 июл вазъи фавқулода эълон шуда буд.
Шаби ҷумъаи 15 июл раҳбарияти Туркия аз талоши табадуллоти ҳарбӣ хабар дод. Субҳи 16 июл ошӯбгарон таслим шуданд. Ҳукумат ҷонибдорони Фатҳулло Гюлен, руҳонии муқими Амрикоро дар ин кудето муҷрим шинохта ҳазорҳо тарафдори ӯро боздошт кард. Раҷаб Таййип Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия аз Барак Обама, президенти ИМА даъват намуд, Гюленро таслим кунад. Худи Фатҳулло Гюлен даст доштанашро дар кушиши табадуллот рад мекунад.