Раҳоии шартии ҳамсари Валиев аз Кумитаи амният
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Ҷаннат Ҳамзаева, ҳамсари Собир Валиев, узви фаъоли созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи-24”-ро ба шарти хориҷ нашудан аз ин кишвар озод кардаанд.
Хонум Ҳамзаева шаби 2 октябр дар фурӯдгоҳи “Манас”-и Бишкек ҳангоми бозгашт аз Истанбул боздошт шуда, баъди бозпурсӣ раҳо шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бозпурсии Ҷаннат Ҳамзаева ба парвандаи ҳамсараш марбут мебошад: "Нисбати худи Собир Валиев бо ҷурми убури ғайриқонунии марзи Қирғизистон ва гирифтани шиносномаи ин кишвар парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ва ӯ феълан таҳти пайгард қарор дорад”.
Манбаъ афзуд, инчунин Тоҷикистон низ Собир Валиевро таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор додааст.