Даргирии шадид бо Толибон дар вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон
Мақомоти маҳаллии вилояти Кундузи Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, аз даргирии шадиди нерӯҳои ҳукуматӣ бо “Толибон” хабар додаанд.
Муҳаммад Юсуф Еванӣ, раиси шӯрои вилоятии Кундуз ба телевизиони “Тулӯъ” гуфтааст, ин даргирӣ нимаҳои шаби гузашта дар пайи ҳамлаи “Толибон” ба шаҳри Кундуз шурӯъ шуд. Ба гуфтаи Еванӣ, “Толибон” худро то минтақаи Се саракаи шаҳри Кундуз расонда, шоҳроҳи Алиободро масдуд кардаанд.