Мушовири Сафорати Туркия: Бояд Мавлоно Ҷалолиддини Ҷаҳонӣ бигӯйем (АКС)
Амруллоҳ Каён, мушовири динии Сафорати Туркия дар Тоҷикистон бо ишора ба баҳсҳо атрофи мутааллиқ ба кӣ будани Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ гуфт, аз ин ба баъд бояд ӯро Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Ҷаҳонӣ ном бубарем. Ин нуктаро Амруллоҳ Каён дар маҳфили “Ишқи Мавлоно”, ки бо ибтикори Сафорати Туркия дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва бо иштироки сафирони муқими Душанбеву чеҳраҳои илмиву фарҳангӣ ва ҳаводорони ашъори Мавлоно доир шуд, иброз дошт.
Фотеҳ Қаҳрамон, кордори Сафорати Туркия дар Тоҷикистон аз Мавлоно ба унвони шахсияте ном бурд, ки дар Туркия тавонист барои густариши ахлоқ ва маънавиёт саҳми беназир бигузорад. Шоири саршиноси Тоҷикистон Гулрухсор бо намояндагӣ аз Иттифоқи нависандагон ва Фарҳангистони шеъри ҷаҳон дар ин маҳфил суханронӣ кард ва гуфт, Мавлоно аз аввалин шоиронест, ки дар шеъри форсӣ бидуни қофия ғазал гуфт ва ихтирооти зиёде дар арӯзи форсӣ кард.
Ҳамчунин профессор Шарифмурод Исрофилниё дар ин маҳфил аз пайёмҳои инсонсозии Мавлоно суҳбат кард, ки то кунун барои башарият моҳияти вижае дорад ва ӯ аз ҷумла пайёмҳои Мавлоно вобаста ба танишҳои диниву мазҳабиро барои инсонҳои имрӯз хеле зарурӣ донист.
Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон доктор гуфт, ҳарчанд Мавлонои Балхӣ аз сулҳу дӯстиву муколама миёни адён ва мазҳабҳо суҳбат мекард, вале имрӯз порае аз сарзамини Мавлоно ранҷи терроризм ва экстремизмеро мекашад, ки ҳосили дингароёни кӯрдил ва худбехабар аст.
Дар поёни ин маҳфил ҳунармандони театри “Аҳорун” намоишеро аз ҳалқаҳои зикр ва самои Мавлоно аз сохтаҳои Фаррух Қосимов пешниҳод карданд.