Ҷамшед Ёров афв ва озод шуд
Надежда Атаева, раҳбари Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ аз раҳоии Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшиноси тоҷик хабар дод.
Атаева баъди зуҳри имрӯз, 30-юми сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, хабари раҳоии Ҷамшед Ёровро аз ҳоҳараш Хосият Ёрова шунида, афзуд, ки айни ҳол Ҷамшед дар роҳ ба хонааш қарор дорад. Наздикони Ёров мегӯянд, ӯ бар асоси қонуни афв озод шудааст.
Ёров моҳи август бо иттиҳоми ифшои сирри давлатӣ боздошт шуда буд. Қаблан наздикони Ҷамшед ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки алайҳи ӯ бо дастрасии моддаи 311 қисми 1 ( ифшои маълумоти дорои сирри давлатӣ аз ҷониби шахсе, ки ин маълумот ба ў бовар карда шудааст ё вобаста ба хизмат ё кор ба ў маълум гардидааст, агар ин маълумот дастраси дигар шахсон шуда, дар ин кирдори ў нишонаҳои хиёнат ба давлат мавҷуд набошад) боз шудааст.