Президент ҳадаф гузошт: Зиндагии шоиста тайи 15 соли оянда таъмин шавад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 30-юми сентябр дар маҷлиси навбатии ҳукумат лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро қабул намуд, ки бар асоси он бояд зиндагии шоистаи мардум давоми 15 соли оянда таъмин шавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, лоиҳаи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 аз тарафи вазоратҳо бо ҷалби коршиносон таҳия гардид: “Ин дуюмин стратегияи дарозмуддати рушди кишвар буда, дар он ҳадафҳо, захираҳои мавҷуда, таъсири омилҳои беруна ба рушди кишвар ба инобат гирифта шудааст. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 давоми 15 соли оянда ҷиҳати муҳайё намудани зиндагии шоистаи мардум пешбинӣ гардидааст”.
Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи ин ҳадафҳо якчанд омилро муҳим хондааст: “Аз ҷумла рушди неруи инсонӣ, рақобатпазирии бахши иқтисод бо сатҳу сифати баланд, саҳми саноат дар рушди Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, аз кишвари аграрӣ ба индустриалӣ - аграрӣ табдил додани кишвар, се баробар аз 17 то 45 миллиард соат боло бурдани иқтидори энергетикии ҷумҳуриро, номбар карданд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, маълумотнок кардани аҳолӣ, боло бурдани сатҳи дарозумрии аҳолӣ, кам кардани шумораи фавти модару кудак, беҳтар кардани шароити зиндагӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани мардум, устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои рушди микро ва макроиқтисодии кишвар, аз омилҳои дигари татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маънидод гардид: “Таъкид гардид, ки барои пурра ноил гардидан ба ин стратегия дар назди давлату ҳукумати кишвар ва ниҳодҳои он як қатор вазифаҳои муҳим меистад. Дар амал татбиқ кардани се самти стратегии мамлакат-баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар ин самт аст”.
Ба иттилои манбаъ зимни ҷаласаи ҳукумат инчунин лоиҳаи 5 қонун, аз ҷумла «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун«Дар бораи хизмати давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси олӣ ирсол гардиданд: “Дар баробари ин 5 хулосаи Ҳукумат, аз ҷумла хулоса дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардиданд”.