Мусодираи беш аз 500 кило шираи камол аз як шаҳрванди Афғонистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аз қочоқи шираи камол ба Афғонистон ҷилавгирӣ кардааст.
Ба иттилои манбаъ, 28 сентябр зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣи кормандони пулис дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхии шоҳроҳи Қӯрғонтеппа-Панҷи поён сабукрави “Опел-Астра”, таҳти идораи сокини 35-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа нигоҳ дошта шудааст: “Дар натиҷаи азназаргузаронии автомашинаи мазкур аз дохили бағоҷи он 506 килою 407 грамм маводи “шираи камол” дарёфт ва мусодира шуд”.
Манбаъ афзуд, ҳангоми санҷиш муайян шудааст, ки шираи камол ба як шаҳрванди 24-солаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тааллуқ дорад: “Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.