Азми Э.Раҳмон ва вазири узбак барои оғози масири нави муносибот (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 29-уми сентябр дар мулоқот бо Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон масоили обу энержӣ, ҳамлу нақл, сафари тарафайни шаҳрвандон ва амнияту тиҷоратро баррасӣ кардааст.
Тавре аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Комилов, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, зарурати густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбакистонро таъкид кардааст: “Ҷонибҳо изҳор доштанд, соҳаҳо барои ҳамкорӣ хеле зиёданд ва талоши ҳар ду ҷонибро талаб мекунанд. Ниҳодҳои дахлдори ду кишвар бояд фаъолияти муназзам анҷом диҳанд, то робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистону Узбакистонро ба масири нав бароранд”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки муносибот бо Узбакистон дар сиёсати хориҷии давлат аз авлавият бархӯрдор аст: “Муносибатҳои хуби ҳамсоядорӣ дар заминаи эҳтирому манфиати тарафайн ва анъанаҳои таърихӣ бояд таҳким ёбанд”.
Вазорати умури хориҷӣ афзуд, ҷонибҳо дар мадди аввал зарур хондаанд, ки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ густариш ёбанд, то барои ҳамкориҳо дар соҳаҳои дигар заминаи хуб муҳайё шавад. Зимни ин мулоқот инчунин масоили обу энержӣ, ҳамлу нақл, сафари тарафайни шаҳрвандон баррасӣ шудааст. Эмомалӣ Раҳмон ва Комилов изҳор доштаанд, ки Тоҷикистону Узбакистон бояд дар ин самтҳо ҳамкории созандаро пеша кунанд: "Ҷонибҳо қаноатмандии хешро аз тамоюли мусбати давраи охир дар муносиботи мутақобилаи ду кишвар, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол, фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин муҳимияти дастгирии машваратҳои доимии сиёсӣ ва муколама дар сатҳҳои олӣ ва баланд изҳор намуданд. Эҳтиёҷи воқеии кунунӣ ба фаъолгардонии амалии ҳамкории таркибии фарҳангию гуманитарӣ миёни ду кишвар таъкид гардид".
Дар охири мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Узбакистон муваффақият ва ба халқи бародари он суботу рушдро таманно кардааст.