Даъвои ҳамсари Р.Раҷаб алайҳи тухмзанҳо ва ваъдаи милиса: Занг мезанем
Валамат Иброҳимзода, ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб имрӯз, 29-уми сентябр алайҳи афроде, ки дар назди хонааш ҳамоиши эътирозӣ карда, сӯи манзили зисташ тухму себ андохтаанд, ба мақомоти милисаи шаҳри Душанбе шикоят кардааст.
Хонум Иброҳимзода дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аризаашро подполковник Салимзода қабул карда, изҳор доштааст, ки ба зудӣ таҳқиқи қазияро оғоз хоҳанд кард. Подполковники милиса, ки масъули кофтукоби ҷиноӣ будааст, изҳор доштааст: “Қазияро таҳқиқ мекунем. Шоҳидону ҳамсояҳоро мепурсем. Телефонатонро хомӯш накунед”.
Зуҳри 27-уми сентябр гуруҳе аз ҷавонон бо як автобус ба назди хонаи Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонишудаи Раёсати Олии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ дар кӯчаи Аттор 50 омада, хона ва дару деворашро бо тухмҳо зада, дар назди хонааш овезаву плакатҳоро оташ задаанд.
Дар ин бора ба “Озодагон” Валамат Иброҳимзода иттилоъ дода, бо овози гиряолуд афзуда буд: “Дар як автобус қариб 30-40 нафар омаданд. Дар сари куча фуромаданд, омаданд, ячейкаи тухмро заданд, шатта қати дарро заданд, плакатаро сӯзонданд. Як хона сағераи бепадар дорем, ҳама талхакаф шуд дар ин хона. Ин чӣ гап аст?”
Валамат Иброҳимзода изҳори умед кард, ки мақомот муроҷиаташро мунсифона баррасӣ хоҳанд кард.
Аз ин пештар гуруҳи ҷавонон, ки худро ҷавонони фаъоли Тоҷикистон ном мебаранд чунин эътирозҳоро дар назди хонаи Саидумар Ҳусайнӣ, муовини зиндонии раиси ҲНИТ ва дар назди хонаи Сайид Абдулоҳи Нурӣ, раҳбари фақиди ҲНИТ низ барпо кардаанд. Ба иддаои ин ҷавонони муътариз фарзандони Ҳусайнӣ ва Нурӣ дар ин ҷаласаи САҲА ширкат кардаанд.