Ҳамовозии Э.Раҳмону Бордюжа зидди идеологияи бегона дар минтақа
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 29-уми сентябр дар мулоқот бо Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ масоили амниятиро баррасӣ намудааст.
Тавре аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба ҳамдастии муштарак бар зиди терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадору силоҳ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ки ба амнияту суботи минтақа хатари ҷиддӣ доранд, табодули афкор намуданд: “Бо изҳори нигаронӣ аз хатари афзоиши фаъолияти созмонҳои террористию экстремистӣ ва паҳншавии идеалогияи бегона дар минтақа ҳар ду ҷониб тақвияти ҳамдастии густурдаро дар мубориза бар зидди ин хатарҳо амали муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ карданд”.
Манбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон ва Бордюжа таваҷҷуҳи асосиро ба сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон зоҳир карда, тақвияти ҳамкорӣ барои таҳкими иқтидору имконоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро зарур хондаанд: “Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда ҳамдастии фаъоли давлатҳои аъзои созмон дар мубориза алайҳи ҳама гуна хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир дар нигоҳ доштани фазои эътидолу субот ва таҳкими амнияту бехатарии минтақа нақши муассир мегузорад”.
Инчунин зимни мулоқот омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои созмон ва авзои кунунии кишварҳои доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудаст.