Имзои тавофуқномаи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон бо Гулбиддин Ҳикматёр
Тавофуқномаи сулҳи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон бо Гулбиддин Ҳикматиёр, раҳбари Ҳизби исломӣ имрӯз, 29 сентябр дар Кобул имзо шуд.
Дар ин маросим, ки чанд лаҳза пеш дар Арги раёсатҷумҳурии Афғонистон оғоз шуд, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Ҳукумати Ваҳдати милли ин кишвар, Гулбиддин Ҳикматиёр, раҳбари Ҳизби исломӣ, муовинин ва дигар раҳбарони ҳукумати Афғонистон ширкат доранд. Ҳарду раҳбари Ҳукумати ваҳдати миллӣ аз имзо шудани ин тавофуқнома истиқбол ва онро қадаме дар роҳи расидан ба сулҳ унвон карданд. Аммо қаблан баъзе аз аҳзоб ва чеҳраҳои сиёсиву фарҳангӣ аз Гулбиддин барои рехтани хуни мардум дар солҳои қабл хостори узрпурсӣ аз мардуми Афғонистон шуданд.
Тавофуқномаи сулҳ аз се боб ва 24 модда иборат мебошад ва бар асоси он ҳукумати Афғонистон тавофуқ кардааст, дар бадали барқарории оташбас ба Гулбиддин ва дигар раҳбарони ҳизби исломӣ масъунияти қазоӣ медиҳад ва онҳоро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод менамояд. Ҳамчунин дар ин тафоҳумнома омада, ки ҳукумат дар озод кардани зиндониёни ин ҳизб бидуни таъхир иқдом мекунад. Дар баробари ин Ҳизби Гулбиддин Ҳикматиёр тааҳҳуд кардааст, ки тамоми фаъолиятиҳои низомии худро мунҳал ва асиронашро раҳо менамояд.