Ш.Зуҳуров пешниҳод кардааст, хатсайри ҳавоии Боку-Душанбе аз ҳисоби ширкатҳои озарбойҷонӣ барқарор шавад
Дар суҳбати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон далели сатҳи пасти ҳаҷми мубодилаи тиҷорӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон “мавҷуд набудани ҳамкориҳо дар бахши алоқаи ҳавоӣ” арзёбӣ шудааст.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, ҷонибҳо таъкид намуданд, ки “мавҷуд будани хатсайрҳои ҳавоӣ ба бартараф кардани масъалаҳои баҳсталаб, афзоиши мубодилаи тиҷоративу иқтисодӣ, беҳтар гардидани алоқаҳои расмӣ ва ҷиҳати пурра ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни ду кишвар мусоидат менамояд”.
Ба иттилои манбаъ, бар асоси созишномаи байниҳукуматӣ аз 7 март то 22 октябри соли 2013 ширкати “ТоҷикЭйр” дар хатсайри Душанбе-Боку-Душанбе ҳафтае як маротиба парвоз анҷом медод, вале бинобар сабаби ворид шудани зарари молӣ ба буҷаи ин ширкат парвозҳо дар ин хатсайр мутаваққиф шуданд. Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст: “Бо назардошти мавҷуд будани имконоти васеъи ҳамлу нақли ҳавоии Озарбойҷон ва паркҳои зиёди ҳавопаймоҳо, ҷониби мо ба тарафи Озарбойҷон пешниҳод менамояд, ки масъалаи дубора барқарор намудани хатсайри ҳавоии Боку-Душанбе-Бокуро аз ҳисоби ширкатҳои ҳавоии озарбойҷонӣ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор диҳад”.
Ба гуфтаи манбаъ, Илҳом Алиев ҳам ифтитоҳи хатсайри ҳавоиро барои боз ҳам наздикшавии миллти тоҷику озарӣ муҳим арзёбӣ карда, иброз доштааст, “миллатҳои мо аз умқи таърих бо якдигар дар ҳамаи арсаҳо равобити неку ҳасана доштанд, вале ташкили марзҳо ба сатҳи ин равобит латма ворид намуд. Аммо миллатҳои мо, ки муштаракоти таърихиву фарҳангӣ ва таҷрибаи ҳамзистиро доранд, метавонанд барои тақвияти муносиботи тарафайн дар ҳамаи соҳаҳо талош намоянд”.
Ба дунбол, ӯ ба ҳукумати кишвараш дастур додааст, ҷиҳати ҳалли ин масъала тадбир бияндешанд.