Тавре Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи дафтари матбуоти вазорати мудофиа ба хабаргузориии «Озодагон» иттилоъ дод, сарбозоне, ки ба қисмҳои низомӣ шомил гардидаанд, ба курсҳои кӯтоҳмуддати ибтидоии ҳарбӣ фаро гирифта шудаанд: «Ҳамаи наваскарон баъди шомил шудан ба сафҳои қувваҳои мусаллаҳ дар қисмҳои низомӣ ба таълиму тарбия ва дар курсҳои кӯтоҳмуддати омодагии ибтидоӣ ҷалб карда мешаванд. Ин гуна курсҳо дар бисёре аз қисмҳои низомӣ созмон ёфта, наваскарон ба ҳайси сарбозони комилҳуқуқи қувваҳои мусаллаҳ савганди ҳарбӣ ёд мекунанд».
Манбаъ афзуд, феълан дар бисёре аз қисмҳои низомӣ, навъҳои қувваҳои мусаллаҳ, ҷузъу томҳои алоҳидаи тобеи вазорати мудофиа ва умуман дар дигар сохторхои қудратии мамлакат маросими савгандёдкунии наваскарон ҷараён дорад.