Мақоми 3-юми Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯи гаронии андоз
Анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ бо пахши як гузориш Тоҷикистонро миёни 25 кишвари ҷаҳон, ки андози баландтарин доранд, дар мақоми 3-юм қарор додааст.
Тибқи ин гузориш сатҳи андоз дар Тоҷикистон 81,8 фоизро ташкил медиҳад, ки ҳамроҳ бо Аргентина (137,4%) ва Боливия (83,7) пешсафи раддабандӣ мебошад.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар раддабандии соли гузашта низ, ки аз сӯи “Total Tax Rate” дар заминаи сарбории андоз ба соҳибкорон нашр шуда буд, миёни 189 давлати дунё дар ҷойи 172-юм қарор гирифта буд. “Total Tax Rate” меъёри андоз дар Тоҷикистонро 81,8 фоиз нишон дода буд, ки бадтарин нишондод миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ мебошад.