Тоҷикистон сар аз моҳи октябр 1000 метри мукааби гази ӯзбакиро бо нархи 310,99 доллари амрикоӣ харидорӣ карда истодааст, ки дар муқоиса ба нархҳои семоҳаи сеюми соли ҷорӣ 26,66 доллари амрикоӣ қиматтар аст.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» Саидмаҳмад Шарофиддинов, сардори КВД «Тоҷиктрансгаз» иттилоъ дод. Раиси ин ниҳод мегӯяд, нархи гази ӯзбакӣ барои ҳар семоҳа таҷдиди назар мешаванд. Вай афзуд: «Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ нархи гази ӯзбакӣ 227 доллару 85 сент барои ҳазор метри мукаабро ташкил медод. Аз оғози семоҳаи дуюм Ӯзбакистон ин нишондодро ба 249,19 доллар ва сар аз моҳаи сеюм то 284 доллару 33 сент боло бурд. Дар семоҳаи охири соли ҷорӣ Ӯзбакистон нархашро 310,99 доллари амрикоӣ муқаррар кардаст».
Ба гуфтаи Шарофиддинов, Ӯзбакистон сабаби асосии қимат шудани нархи газашро ба болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла мазуту газойл дар бозори ҷаҳонӣ рабт медиҳад. Дар маҷмӯъ, Шарофиддинов таъкид мекунад, ки интиқоли гази ӯзбакӣ ба Тоҷикистон дар доираи созишномаи имзошуда ва тариқи пешпардохт сурат гирифта истодааст. Тибқи шартнома имсол дар назар аст, ки Тоҷикистон аз Ӯзбакистон дар маҷмӯъ 180 миллион метри мукааб гази ӯзбакиро харидорӣ намояд.