Тоҷикистон дар рейтинги рақобатпазирӣ 3 зина боло рафтааст
Тоҷикистон дар раддабандии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ оид ба рақобатпазирӣ барои солҳои 2016-2017 мавқеашро се зина беҳтар кардааст.
Дар ин рейтинг, ки имрӯз, 28 сентябр нашр шуд, Тоҷикистон миёни 138 кишвар мақоми 77-ро намояндагӣ мекунад. Соли 2015 Тоҷикистон дар мақоми 80 ва соли 2014 дар зинаи 91 нишаста буд.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ имсол Тоҷикистон баъд аз Қазоқистон (53) ва болотар аз Қирғизистон (111) меистад. Узбакистон ва Туркманистон дар ин рейтинг оварда нашудаанд.
Миёни кишварҳое, ки иқтисодашон рақобатпазиртарин ба шумор меравад, Швейтсария ном бурда мешавад. Ин кишвар соли ҳаштум аст, ки дар садри рейтинг қарор дорад. Ҷойи дуюмро Сингапур ва зинаи сеюмро ИМА ишғол карданд. Олмон, Ҷопон, Ҳонконг, Финландия, Шветсия ва Британияи Кабир мутаносибан дар ҷойҳои 4 то 9 қарор доранд.
Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (World Economic Forum) натоиҷи мазкурро бар асоси баҳодиҳӣ ба рақобатпазирии иқтисоди кишварҳо аз рӯи 12 бахш -- сифати муассисаҳо, инфрасохтор, суботи макроиқтисодӣ, тандурустӣ ва таълими ибтидоӣ, таълим ва тарбия олӣ, самаранокии молҳо ва хизматрасонии бозор, самаранокии бозори меҳнат, рушди бозори молиявӣ, рушди технологӣ, ҳаҷми бозори дохилӣ, рақобатпазирии ширкатҳо ва иқтидори инноватсионӣ таҳия мекунад.