Дар кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ масоили ташкили иштироки ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар анҷумани байналмилалӣ оид ба самаранокии кӯмаки беруна баррасӣ гардид.
Аз кумитаи мазкур ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки анҷумани байналмилалӣ оид ба самаранокии кӯмаки беруна рӯзҳои 27-28-уми ноябри соли равон дар шаҳри Бусани Кореяи Ҷанубӣ баргузор хоҳад шуд: «Бо ин мақсад Давлаталӣ Сайидов, раиси кумита бо ҷаноби Ҷоҷи Токешӣ, роҳбари Бонки Осиёгии Рушд дар Тоҷикистон, ки яке аз созмонҳои ташкилотчии анҷумани зикршуда ба ҳисоб меравад, вохӯрӣ доир намуд».
Сарчашмаи хабар иттилоъ дод, ки зимни мулоқоти ҷонибҳо масъалаи ташкили сафари ҳайат ба шаҳри Бусан ва нақшаи минбаъдаи иштироки ҳайат дар сессияҳои анҷуман бо дарназардошти баргузории вохӯриҳо бо иштирокчиёни сатҳи баланди анҷуман, ҳамоҳанг карда шуд. Айни замон саҳифаи махсуси Тоҷикистон дар сайти расмии анҷумани байналмилалӣ оид ба самаранокии кӯмаки беруна дар шаҳри Бусан, ки дар худ маълумотҳои зарурӣ роҷеъ ба ҷараёни истифодаи кӯмаки беруна дар Тоҷикистон ва ҳамоҳангсозии истифодаи самараноки он дар мамлакат омода ва ҷорӣ карда шудааст, афзуд манбаъ.