Барканории масъулини “Тоҷик Эйр” баъди саргардонии мусофирон
Ширкати Tajik Air баъди парвози бебарор ва фуруди изтирории яке аз ҳавопаймоҳояш дар Бишкек чанде аз коргарони худро дар Қирғизистон муваққатан аз кор озод кардааст.
Лола Кенҷаева, сухангӯйи “Тоҷик Эйр” имрӯз, 27-уми сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” муваққатан аз кор ронда шудани коргарони дафтари Бишкекро таъйид кард ва онро ба ҳодисаи фуруди изтирории ҳавопаймои ширкату саргардонии мусофирон дар Бишкек рабт дод.
Ин дар ҳолест, ки 7-уми сентябр ҳавопаймои Боинг-757-231-и ширкати “Тоҷик Эйр”, ки бояд рӯзи 7 сентябр дар масири Бишкек-Душанбе парвоз анҷом медод, пас аз ним соати парвоз ба далели фаннӣ дубора ба фурудгоҳи “Манас” бозгашт.
Эрмек Омуралиев, раҳбари Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Қирғизистон далели фуруди изтирории ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр”-ро мушкили муҳарики он гуфта, афзуд вақте халабон мефаҳмад, ки муҳаррик кор намекунад, ҳавопайморо фуруд меорад: “Мо ба ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон иттилоъ расондем. Тоҷикистон ба Бишкек ҳавопаймо фиристод. Фикр кардем, ин ҳавопаймо мусофиронро мебарад. Аммо баъдан маълум шуд, бо қисмҳои эҳтиётӣ барои ҳавопаймои аввалӣ омад. Он замон мо намояндаи ширкатро маҷбур кардем, ки дар бораи хӯроки мусофирон чора андешад”.
Раҳбари Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Қирғизистон афзуда буд, ки Тоҷик Эйр танҳо 8 сентябр ҳавопаймои 3-юмро барои мусофирон фиристод.