Ронандаи таксӣ 500 ҳазор долларри ёфтаашро ба соҳибаш баргардонд
Як тоҷир аз Кореяи Ҷанубӣ дар Аморати муттаҳидаи Араб ҷузвдони ҳомили 1,7 миллион дирҳам, ҳудуди 500 ҳазор долларро дохили таксие фаромӯш кардааст.
Бино ба иттилои расонаҳо, ронандаи таксӣ, шаҳрванди Покистон баъди аз мошинаш берун шудани соҳибкор ҷузвдонро дида, фавран ба шӯъбаи пулис муроҷиат мекунад.
Бо кӯмаки пулис соҳиби ҷузвдон пайдо мешавад. Раёсати роҳ ва нақлиёти Шарҷа барои ин корнамоӣ ронандаро бо ифтихорнома ва 3 ҳазор дирҳам қадр кардааст.