Гуруснанишинии муҳоҷирон дар боздоштгоҳи Оренбург
Муҳоҷирон дар маркази махсуси нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар ноҳияи Беляеви вилояти Оренбург даст ба гуруснанишинӣ задаанд.
Расонаҳои русӣ аз қавли Эркинҷон Юлдошев, ки шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ мешавад, иттилоъ доданд, ки дар ин иқдоми эътирозӣ ҳудуди 100 муҳоҷир иштирок дошта, чанд шабонарӯз аз истеъмоли ғизо худдорӣ кардаанд. Ба гуфтаи Юлдошев норозигии муҳоҷиронро қарори маъмурият барои манъи истифодаи телефонҳои мобилӣ ба вуҷуд овардааст: “Муҳоҷирон танҳо обро менӯшанд ва вазъи саломатии чанд нафарашон бад шудааст”.
Юлдошев, ки шаш моҳ қабл бидуни ҳуҷҷат дар яке аз сохтмонҳо боздошт шудааст, изҳор доштааст, ки дар замони мавҷудияти “ФМС” истифодаи телефон барои боздоштшудаҳо иҷозат буд: “Аз вақте ки боздоштгоҳ ба тобеияи Вазорати корҳои дохилӣ гузашт, телефонҳоро гирифтанд”.
Аммо раёсати умури дохилии вилояти Оренбург бо нашри як иттилоия эътирозу гуруснанишинии муҳоҷиронро рад карда, шарҳ додааст: “Бархе аз боздоштшудаҳо ғизои пешниҳодкардаи маркази нигоҳдориро рад намуданд, аммо ин маънои гуруснанишиниро надорад. Онҳо ғизоеро, ки бо худ доранд, истеъмол мекунанд. Вазъи саломатии боздоштшудаҳо хуб мебошад”.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси қонунгузории Русия дар маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ истифодаи телефонҳои мобилӣ манъ нашудааст, аммо бар асоси низомнома тартиби истифодаи онро дар реҷаи рӯз маъмурияти марказ муайян мекунад.