“Охирин огоҳӣ”-и Убайдуллоев ба Лангариева, Улмасов, Муҳаммадюсуф
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аз фаъолияти комиссияҳои амалкунандаи шаҳрию ноҳиявӣ ва ҷамъиятии назорати танзими расму оин интиқод карда, ба масъулин барои ислоҳи вазъ як моҳ муҳлат додааст.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, Убайдуллоев дар ҷаласаи рӯзи 26 сентябр таъкид намудааст, аксаран қонунпоймолкуниҳо дар самти танзими расму оин бо сабаби хунукназарии масъулин дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва муносибати якхелаву муносифонаро нисбати хилофкорон роҳандозӣ накардан рўи кор омада, ба он боис гардидааст, ки ҳолатҳои зиёдаравиҳои намоишкорона ҳанӯз ҷой доранд: “Барои роҳандозӣ накардани назорати дахлдор ва ташкили ҳамоҳангии фаъолияти комиссияҳои зикршуда ба муовини раиси шањри Душанбе Ҷамила Лангариева, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Фирӯз Улмасов ва мудири шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва љашну маросимҳои миллии шаҳри Душанбе Назруллоҳи Муҳаммадюсуф бо муқаррар кардани охирин огоҳӣ барои ислоҳи вазъ як моҳ муҳлат дод”.
Манбаъ афзуд, Маҳмадсаид Убайдуллоев Манзура Саломова, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанберо аз вазифа сабукдуш кардааст. Ӯ аз иҷрокунандаҳои вазифаи прокурори шаҳр ва прокурорҳои ноҳияҳои пойтахт даъват кардааст, ҷиҳати таъмини волоияти қонун чораҳои назоратиро пурзӯр намуда, ҳамзамон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон, густариши фаъолият алайҳи ифротгароӣ ва дигар зуҳороти номатлуб, пешгирӣ ва аз байн бурдани тақлидкорӣ ва таъсирасонии фарҳанги бегона тадбирҳои муассири оммавӣ андешанд: “Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти роҳбарияти Раёсат ва шӯъбаҳои корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, инчунин Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои онро дар самти иҷрои қонуни зиркршуда ва аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, ба хусус нозирони минтакавиро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуда, дастур фармуд, ки оид ба рафъи ин зуҳуроти номатлуб бо дарки баланди масъулияти хизматӣ чораҳои мушаххас андешанд”.