Манбаъ афзуд, Шукуров бо роҳи таъмаҷӯӣ аз шаҳрванд Авазова Т, сокини ҷамоати Навобод, деҳаи Шоҳ, барои ба хизмати сарбозӣ набурдани писараш- Олим Худойқулови
20-сола, 100 доллари ИМА маблағи пулӣ талаб кардааст. Модари даъватшаванда ба ӯ 100 сомонӣ ва 1 мурғи марҷон «ҳадя» кардааст.
Ҳамчунин, Абдураҳмон Шукуров рӯзи 15-уми ноябри соли равон бо ҳамин роҳ аз сокинони ҷамоати Навобод, деҳаи Шох, Абдуллоева-150 сомонӣ, аз Абдуллоева-145 сомониву 2 сар мурғи марҷон, аз Авазов Ғ- 100 сомонӣ маблағи пулӣ талаб карда гирифтааст. Феълан, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.