Узрхоҳии Резеда барои клипи баҳсбарангезаш дар саҳни масҷид (ВИДЕО)
Резеда Ганиуллина, сарояндаи маъруфи Тотористон дар пайи интиқодҳо аз клипи наваш, ки дар пасманзари масҷиди Сафеди шаҳри Болгар сабт шуд, узрхоҳӣ кардааст.
Дар ин клип, ки бар таронаи “Жаним” бардошта шудааст, Резеда бо либосҳои нимбараҳна мерақсад. Ӯ дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" навиштааст, "агар ин клип эҳсоси касеро нохун зада бошад, маъзарат мехоҳам. Ин образи саҳнавии ман аст. Рақси шарқӣ –стил ва махсусияти ман аст".
Нашри клипи "Женим" сару садоҳои зиёдеро дар пай дошт. Аз ҷумла Комил Самигулин, муфтии Тотористон дар вокуниш ба он дар саҳфаи интернетиаш навишт, масҷид Хонаи Худо буда, на ҷои рақс, балки макони тоату ибодат мебошад.
Дар ҳамин ҳол, Рустам Батров, муовини аввали муфтии Тотористон гуфтааст, муфтиёт барои аз шабакаҳои иҷтимоӣ тоза кардани клипи Резеда талош хоҳад кард.