Президент барои бунёди давлати муқтадир 3 чизро муҳим хонд: Ин кори осону 1-2-сола нест
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 26-уми сентябр дар рӯзи дуюми сафараш ба водии Рашт аз ноҳияи Тоҷикобод боздид карда, бо сокинону фаъолони ноҳия мулоқот анҷом додааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот дар баробари баррасии вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия аз вазъи ҷаҳон зикр кардааст, ки ба гуфтаи ӯ бисёр ҳассосу ноором аст: “Бо дарназардошти шароити бисёр ҳассосу ноороми ҷаҳони имрӯза мехоҳам бори дигар аз ҳамаи падару модарон, омӯзгорону фаъолон, аҳли зиё, умуман ҳар фарде, ки ободиву оромии мамлакат ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламонро азиз мешуморад, хоҳиш намоям, ки ба хотири ободу зебо гардонидани диёри хеш ва ноил гардидан ба зиндагии шоиста ба масъалаҳои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, сулҳу оромӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, инчунин, таълиму тарбияи фарзандон ва таъмини волоияти қонун дар ҷомеа саҳми ватандӯстонаи хешро дареғ надоранд”.
Президенти Тоҷикистон дар идома аз мушкилоти давлатсозӣ суҳбат карда, барои бунёди давлати муқтадир се омилро муҳим хонд: “Давлатсозӣ, хусусан, дар шароити имрӯза, кори саҳлу осон ва раванди яксолаву дусола нест, баръакс, бунёди давлати муосиру муқтадир аз ҳар фарди ҷомеа, пеш аз ҳама, самимона дӯст доштани Ватан, заҳмати содиқона ба хотири ободии он ва ҳушёриву зиракии доимиро талаб мекунад”.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, аз ҷавонон умеди зиёд дорад ва хостори ҳимояи онҳо аз мафкураи бегонаю ифротӣ шудааст: “Бо дарназардошти он, ки вазъи минтақа ва ҷаҳон торафт ҳассосу мураккаб шуда истодааст, ҳар фарди бонангу номус ва огоҳи миллат вазифадор аст, ки барои ҳимояи давлатдории миллиамон, ҳимояи манфиатҳои давлату миллатамон ва аз таъсири зарарноки ақидаву мафкураи бегона ва гурӯҳу ҳаракатҳои тундраву ифротгаро эмин нигоҳ доштани мардум, алалхусус, наврасону ҷавонон, ки мо аз онҳо умеди зиёд дорем, ҳамеша ҳушёру омода бошад”.
Ба гуфтаи раисиҷумҳур “мо бояд мунтазам кӯшиш кунем, ки фарзандони мо аз таълиму тарбияи замонавӣ бебаҳра намонанд ва онҳоро тарзе тарбия намоем, ки дар оянда ҳамчун насли сазовори миллат ва давлати тоҷикон ба камол расанд”.