Тарҳи террори нухбагони миллати тоҷикро дар он сӯи Омӯ кӣ мекашад?
Қарни гузашта дар ин суйӣ Омӯ, яъне Осиёи Марказӣ болшевикҳо бо механизмҳои роҳбурдии дарозмуддат вазъиятро ба нафъи ақвоми кӯчак мудирият карданд ва ононро ба як қудрати бартари минтақа табдил доданд.
Тоҷикон, ки аз ҳар лиҳоз яке аз ақвоми асливу қадим ва соҳиби ин минтақа ба шумор мерафтанд, дар ҳошия қарор гирифтанд. Ниҳоят ин шуд, ки тоҷикон бо он ҳама доштани тамаддуни бузург ва нуфузи бештар соҳиби замини кӯчак ва қудрати заъиф дар минтақи Осиёи Миёна шуданд. Ин сиёсатро русҳо пиёда карданд, ки натиҷаш ба суди ақвоми кӯчаки минтақа буд. Ақвоме, ки аз назари нуфус мардуми шумораи дувуми минтақа буданд, бар асоси сиёсати саркўбгароёнаи русҳо, ба мардуми шумораи яки минтақа табдил шуданд ва сарзаминҳои зиёде таҳти султа ё мудирияти онон қарор гирифт. Адолат ҳукм мекунад, ки ин тақисимбандӣ набояд дар чунин шакле иҷро мешуд.
Ҳоло дигар он ҳаводис ба таърих пайвастааст ва гоҳ-гоҳе мо- тоҷикон аз сарзаминҳои аз дастрафтаи худ таассуф мехурем, хиёнатҳоро ба ину он нисбат медиҳем. Ин як баҳси алоҳида аст. Вале, дақиқан, имрӯз ҳамон сенарияе, ки замоне дар Осиёи Марказӣ нисбат ба тоҷикон амалӣ шуд, дар он сӯйи Омӯ -Афғонистон дар шакли нав ва табъан, ҳамонҳангшуда бо ҳаводиси имрӯзи ҷаҳонӣ, татбиқ мешавад. Дар пушти ин сенария, кӣ меистад ва киҳо манфиатдор ҳастанд, ки тоҷикон аз мардуми дараҷаи як ба ду ва ҳатто аз дараҷаи ду ба се табдил шаванд, ёд хоҳем кард, вале ҳоло ба чанд нуктаи муҳим бояд ишора кард. Пеш аз ҳама суоли муҳим матраҳ мешавад, ки дастандарокорони ин сенария, яъне иҷрогарони ин сенария кӣ ҳастанд ва дар ростои тазъифи қудрати тоҷикон бештар кӣ қадам мегузорад. Ин суол ниҳояти моҷаро ё хиёнатест, ки нисбат ба тоҷикон анҷом дода мешавад.
Қазияи он сӯйи Омӯ- сарнавишти тоҷикони Афғонистон дар ин шароит қазияи бисёр ҳассос аст. Як иштибоҳ ва ё стротежии вайронгар метавонад қудрати онҳоро тазъиф кунад ва онҳо тамоман беқудрат ва дур аз амал шаванд. Ин нигарониҳо ҳоло беш аз ҳар вақти дигар аз суйӣ рушанфикрони тоҷики он суйи марз эълом мешавад. Баъзе аз онҳо бо пешфарзҳои худ парда аз руйи воқеиятҳо бармедоранд, ки ҷараёни ҳаводис на ба нафъи тоҷикон, балки ба нафъи ҳамон қавме мечархад, ки дар пушташ Амрико ва ҳампаймонаш истодаанд. Он қавм, ки ҳомиаш Амрикост, ҳоло худро мардуми шумораи яки Афғонистон эълом кардааст ва бо зиракию маккорӣ тавонистааст, Амрико ва ҳатто ҳампаймонашро мутақоид кунад, ки тоҷикон дар минтақа наметавонанд манофеи онҳоро бароварда созанд, бояд стротежии асимилиятсияро дар бархе ҷӯғрофиёи ин кишвар ба шакли махфиёна амалӣ кард. Ин стротежӣ баъди террори Аҳмадшоҳи Масъуд ва вуруди неруҳҳои хориҷӣ, яъне Амрико ва НАТО ба суръати тез дар ҳоли иҷро аст.
Вазъият ва ҷараёни ҳаводис ва сиёсатгузориҳо дар ин кишвар нишон медиҳад, ки Ҳомид Карзай, раисҷумҳури собиқи Афғонистон ва ҳоло Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури феълӣ бо тамоми кӯшиш ва тавоне, ки доранд, мехоҳанд ин стротежиро амалӣ кунанд. Қисме аз ин сенария дар ин кишвар амалӣ шудааст, ки нишонаи тазъифи марҳила ба марҳилаи қудрати тоҷикон аст. Бар асоси аснод ва ёддоштҳои бархе сиёсатмадорони дохили Афғонистон ва хориҷӣ Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ ба шиддат аз эътилофи шимол бо раҳбарии тоҷикон ва нуфуси онон дар ниҳодҳои қудратии ин кишвар нигаронанд ва бо барномарезиҳои зоҳиран ислоҳотхоҳона дар пайи канор задани ин ҷабҳа аз қудратанд. Агар ҷараёни ҳаводис як каме дигар бар вифқи муроди инҳо бичархад, бе ягон гӯ ё магӯ тамоми раҳбарони эътилофӣ шимол, яъне тоҷиконро халъи қудрат мекунанд.
Ин ҷо ҳарфи муфт ва беҷо намегӯем, балки аз хотироти навиштаи Роберт Гейтс, Вазири дифои собиқи Амрико ёд мекунем, ки аз аҳдоф ва стротежии Карзай парда бардоштааст. Ин мақоми олирутбаи амрикоӣ дар китобаш ин хотиротро зикр мекунад, ки Ҳомид Карзай дар як мулоқоти як ба як аз ӯ мехоҳад, ки иҷоза бидиҳад то толибонро дар қисмати шимол ҷоба ҷо кунад. Роберт Гейтс дар китоби хотироташ менависад, ки Ҳомид Карзай дар даври дувуми раҳбариаш ба интиқоли Толибон ба қисмати шимоли Афғонистон оғоз кард. Ӯ менависад, ки Ҳомид Карзай дар як нишасти маҳрамона аз ман хост, то дар аз байн бурдани сарони ҷабҳаи шимол ва тазъифи онҳо бо ӯ ҳамкорӣ намоям: Бузургтарин таҳдид дар баробари ҳукумати ман ҷабҳаи шимол аст, на Толибон, ин нақли қавл аз Ҳомид Карзай аст, ки дар суҳбат бо раҳбари собиқи Пентагон, Роберт Рейтс гуфтааст. Карзай аз ин мақоми олирутбаи амрикоӣ мехоҳад, то дасти ӯро боз гузорад, то дар тақвияти толибон амал намуда, аз ин тариқ туфангсолорони шимолро аз байн бубарад.
Раҳбари созмони ҷосусии Амрико дар Покистон дар китоби хотироташ 88-рӯз дар Қандаҳор низ ба стротежии зиддитоҷикии Ҳомид Карзай ёд мекунад ва мегӯяд, ӯ ба шиддат аз ин ки қудрат дар дасти эътилофи шимол буд, нигаронӣ мекард. Ӯ менависад, ки Ҳомид Карзай паштунҳоро қурбонии аслии ҷанги Афғонистон медонист ва аз мақомоти амрикоӣ тақозо мекард, ки барои тазъифи қудрати эътилофи шимол ба ӯ иҷоза диҳанд, Толибонро ба қисмати шимол интиқол диҳад.
Ин ёддошти мақоми амрикоӣ аз воқеият дур нест, зеро Ҳомид Карзай дар минбарҳо чандин маротиба таъкид карда буд, ки қурбонии ин ҷанг фақат аз як қавм аст. Ин ҳарфи дур аз воқеъияти Ҳомид Карзай нишонаи он уқдаи нажодии ўст ва далел бар ин аст, ки ӯ аз иҷрои ҳамон стротежӣ, яъне тазъифи қудрати тоҷикон дастбардоштанӣ нест. Ашраф Ғанӣ ҳам ошкоро қабл аз интихоб шудан ба мақоми раёсатҷумҳурӣ гуфта буд, ки паштуҳо қурбонии аслии ин ҷанг ҳастанд ва ҷанг набояд фақат дар ҷануб-қисмати паштунишини Афғонистон идома пайдо кунад.
Барои кур ҳам маълум аст, ки ин ҳарфҳо баргирифта аз як стротежии дарозмуддат ба манзури тазъифи қудрати тоҷикон дар Афғонистон аст. Ашраф Ғанӣ яке аз раҳбарони маккор ва бисёр гурги борондидаи Афғонистон аст, ки ба таври аланӣ амалҳое бар зидди тоҷикон анҷом медиҳад. Тозатарин кораш, имзо накардани фармони ба хоксупории Амир Ҳабибуллоҳи Калаконӣ аст. Фармони ба хоксупории муҷаддади Амир Ҳабибуллоҳи Калакониро Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Афғонистон барои хомуш кардани хашми мардум имзо кард, дар ҳоле, ки бояд он аз суйӣ фарди аввали ин кишвар, ҳамон Ашраф Ғанӣ бояд имзо мешуд, ки нашуд. Дар ҷараёни хоксупорӣ Амир Ҳабибуллоҳ қумондони узбак Дӯстум бо сарбозонаш монеъа эҷод кард ва дар ин ҷараён теъдоде аз мардум кушта ва қисмате захмӣ шуд. Баъдан Дӯстум аз мардум узрхоҳӣ кард ва гуфт, ӯро гӯл задаанд, то садди роҳи гуронидани Амир Ҳабубуллоҳ шавад. Онҳое, ки огаҳ ҳастанд, медонанд, ки Дӯстум дар тамоми солҳои қумондониаш дар ҷиҳати зарба задан ба эътилофи шимол амал карда, ҳатто ҷангҳои чирикие низ бар зидди ин эътилоф роҳ андохтааст. Ӯро дар ин рӯзҳо касе бар зидди тоҷикон шӯронид, то ба ихтилофи қавмӣ дар қисмати шимол доман бизанд. Ҳамон ҳадаф, яъне ноором кардани қисмати шимол ҷузви аз ин тавтеа буд, ки хушбахтона бо дахолат ва миёнҷагирии бархе кишварҳо хомӯш шуд. Дар зимн, баъдан Дӯстум дар суҳбат бо бархе расонаҳо маркази ин фитна ё тавтеаро фош кард ва гуфт бо амри як нафар даст ба ин кор задааст.
Ин ҷо ба шарҳи ин иддао бояд бипардозем, ки гӯё қурбонии ҷанги Афғонистон фақат паштуҳоянд. Ин иддао як дурўғ аст. Теорияи тавтиаест, ки бархе мехоҳанд ба ин восита бо мазлумнамоӣ ба паштунҳо дар ин кишвар ҳаққи бештар дода шавад. Ба ҳама маълум аст, ки дар ҷанги Афғонистон фақат пашту қурбон намешавад, балки ҳама ақвом, қисмате дар урдуи миллӣ ва қисмате дар зери таркиши бомбу интиҳориҳо ҷон медиҳанд. Он ақвоме, ки аслан гуноҳ надоранд ва бар зидди давлат намеҷанганд, балки бар зидди Толибон меҷанганд, то ин гуруҳи террористиро аз байн бубаранд. Беш аз 99 дарсади Толибон пашту ҳастанд. Ҳамон паштуҳои ифротие, ки қариб ду даҳсола Афғонистонро ба хоку хун кашидаанд. Аз ин рӯ, ин иддао асос надорад ва ин мазлумнамоӣ аз ҳақиқат дур аст.
Ин чанд мисол кофист, ки бигӯем, дар он сӯйи марз чӣ мегузорад ва киҳо барои хиёнат ба тоҷикон камар бастаанд ва ё сарнавишти онҳо ба кадом сӯ гардиш дорад. Ҳоло бояд, душмани худӣ, ҳамонҳое, дар либоси тоҷикият бар қавм хиёнат мекунанд, низ ишорат бикунем. Ҳарчанд ин амр далелҳои зиёд мехоҳад, вале ба таври иҷмолан ба чанд далели муҳим ишора мекунем, ки баёнгари хиёнат бар сарнавишти тоҷикон мебошад. Мо дар ёд дорем, ки дар Осиёи Марказӣ он афроде, ки сенарияи зиддитоҷикиро амалӣ мекарданд, худро аввал тоҷик мешумурданд ва баъдан ҳувияташонро иваз мекарданд. Онҳоро, рамзан ман дуҳувиятиҳо ном мебарам. Маҳз ҳамин дуҳувиятиҳо боис шуданд, ки дар Осиёи Миёна тоҷикон аз қавми шумораи як ба як қавме табдил шаванд, ки дар ҳошия қарор дорад ва аз ҳама ахир соҳиби давлат мешавад. Манзурам Тоҷикистони Шӯравӣ аст, ки баъди ҷонисориҳои зиёди баъзе қаҳармонҳои ин миллат таъсис шуд. Русҳо бар асоси ин сиёсат корро пеш бурданд ва ниҳоятан барномаи онҳо бо дасти ҳамин раҳбарони дуҳвиятӣ ба иҷро даромад ва тадбиқ шуд.
Қазия дар Афғонистон зоҳиран фарқ мекунад, вале ба гумони яқин, бархе роҳбарони тоҷикон дар он сӯйи Омӯ доранд вақтро ба нафъи рақибонашон мудирият мекунанд, то онҳо марҳила ба марҳила ба аҳдофи худ бирасанд. Онҳое, ки сиёсатмадоранд, медонанд, ки вақт чи қадр барои анҷоми бархе пружаҳои сиёсӣ муҳим аст ва мудирияти буҳрон дар вақтҳои зарурӣ чизи муҳимтарин аст. Бо ин далел, ин ҷо зикр мекунам, ки доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки ҳоло аз миллати тоҷик намояндагӣ мекунад, таҳти ном ва эътибори ин миллат ба мақоми раиси иҷроия расидааст, чандон фарди бо эътимод нест. Ӯ популист аст. Дар авҷи буҳрон шиорҳои тунде матраҳ мекунад ва баъди ин ки хашми мардум фуру нишаст, ба корҳои папулистонаи худ машғул мешавад ва ҳеч кораш натиҷа надорад. Агарчи баъзеҳо бо ин назар мухолифанл, вале ба яқин мегӯям, ки маҳз ҳамин Абдуллоҳ дуҳувиятӣ бо ҳамроҳии Юнус Қонунӣ як тоҷики дигари муҳофизакор аст, бидуни иҷозаи устод Раббонӣ, дар конфронси Бонн қудратро ба Карзай вогузоштанд. Устод Бурҳониддин Рабонӣ дар хеле аз мусоҳиба ва суханрониҳояш гила карда буд ва хотирнишон сохта буд, ки қудратро бидуни машвараи ӯ, шогидонаш, ҳамонҳое, ки ҳамсангари сипаҳсолор Масъуд буданд, ба Карзай таҳвил доданд. Дар мавриди доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ёддошти Ҷэмз Добинз, масъули сиёсии Амрико дар Афғонистон кофист, то бидонем, ки ӯ кист ва оё мешавад рӯйяш ҳисоб ва эътимод кард? Масъули сиёсии Амрико дар умури Афғонистон дар китобаш Миллатсозӣ дар Афғонистон пас аз Толибон менависад, Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ масъули равобити хориҷии Эътилофи Шимол дар нахустин дидор бо ман таъкид кард, ки раисҷумҳури ояндаи кишвар бояд паштуни хориҷ аз эътилофи шимол ва он ҳам Оқои Карзай бошад. Ин дар ҳоле буд, ки чанд рӯз пеш раиси истихбороти Покистон Карзайро гузинаи хубе ба ин курсӣ муаррифӣ карда буд. Аммо профессор Раббонӣ дар нахустин дидор ба ман чунин гуфт. Агарчи ман раисиҷумҳур ҳастам, вале дар тамоми қазияҳое, ки дар пеширӯ дорам, бояд машварати раҳбарони эътилофи шимол гирифта шавад.
Бадбахона, дар тӯли таърих фақат ҳамин дуҳвиятиҳо аз руйи формулаи дар либоси меш чун гург бар тоҷикон хиёнат карданд ва ин хиёнати онҳо қудрат ва имтидоди марзҳои меҳани ин миллати қуҳанбунёдро қитъа-қитъа кард. Ин бозӣ ҳоло ҳам давом дорад. Гирифтани қудрат аз дасти тоҷикон дар Афғонистон роҳро барои пиёда кардани барнрмаи паштунизатсияи Афғонистон ҳамвор мекунад. Алакай дар ин кишвар марҳилаи аввалини ин барнома оғоз ва анҷом шуд. Тарҳи террори нухбагони миллати тоҷик барои амалӣ кардани ин барнома буд, ки мутассифона амалӣ шуд ва ҳанӯз ҳам ҷараён дорад...
“Озодагон”