Ҳалокати сокини 43-солаи Кӯлоб дар пайи кандашавии лифт
Панҷ нафар дар пайи канда шудани лифти сохтмонӣ аз ошёнаи 19-ум дар Маскав ба ҳалокат расидаанд.
Иззат Амон раиси Иттиҳодияи ҷавонони Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон ” иттилоъ дод, ки миёни ҳалокшудагон як нафар тоҷик мебошад: “Марҳум Ниёзов Сарахон Аскарович, соли таваллудаш 1973, сокини кӯчаи Куйбишеви шаҳри Кӯлоб будааст ва ҳоло таҳияи аснод барои интиқоли ҷасади ӯ ба Тоҷикистон ҷараён дорад”.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин нохушӣ соати 12:00-и 23-уми сентябр дар кӯчаи Шенгон рух дода, дар пайи он дар баробари шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон чор нафари дигар - шаҳрвандони Русия, Белорусия ва Украина ба ҳалокат расидаанд.