Идомаи эътирозҳо: Аз журналистшавандаҳо то директори Институти фалсафа
Абдураҳмон Муҳаммад, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҶТ мегӯяд, иддаои гуруҳи мухолифин дар ҷаласаи Варашаваи САҲА, ки гӯё дар Тоҷикистон адолати судӣ нест ва ҳуқуқи маҳбусоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор доранд, поймол мегардад, беасос мебошанд.
Дар иттилоияи расмӣ, ки аз қавли Маҳмадов нашр шудааст, таъкид шудааст, ки дар Тоҷикистон беҳокимиятӣ нест: “Онҳо хоҳиши бозгаштан ба Ватанро намуданд ва дарвозаи Тоҷикистон барои ҳамаи тоҷикони ҷаҳон, ки хоҳиши дар Тоҷикистон зиндагӣ карданро доранд, ҳамеша боз аст. Ҳуқуқи онҳо ягон вақт поймол нашудааст ва ягон кас ҳам нияти поймол кардан надорад, агар дасти онҳо оғуштаи хун набошад”.
Директори институти фалсафа гуфтааст, ки даъвои мухолифин асос надорад ва “аз нуқтаи назари ман, имрӯз дар Тоҷикистон беҳокимиятӣ нест ва ҳама дар чорчӯбаи қонун барои гуноҳи кардагиаш ҷавобгар аст”.
Ҳамчунин Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, мудири Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АУ ҷалб кардани аъзои ҳизби мамнӯи Тоҷикистон ба ин ҳамоишро муқарароти зидди худи ҳуқуқи башар номида, онро кори дасти САҲА донистааст. Ниёзӣ он гуруҳро мухолиф надонистааст ва гуфтааст, ки “мухолиф нафаре ҳаст, ки як барномаи мушаххас дорад ва барои пешбурди ҷомеа мусоидат мекунад. Даъвои қонунӣ дорад ва дар ҷомеа як мушкилоти он марҳила ба марҳила метавонад бардорад ва ҳал кунад. Инҳо як гурӯҳе буданд, ки дар Тоҷикистон ҷиноят карданд, гурехтанд ва боз рафта, дар СММ арз карданд. Бо далелҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати ҶТ инҳо ҷинояткор ҳастанд”.
Ҳамчунин Ниёзи шиканҷаву фишори мухолифин ва аз ҷумла аъзои боздоштшудаи раёсати ҲНИТ-ро дуруғ хонда, гуфтааст “дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон ягон хел шиканҷа вуҷуд надорад” ва бар асоси мусоҳибаҳои Зарафо Раҳмонӣ дар сомонаҳои интернетӣ гуфтааст, ки аз онҳо дар маҳбас муроқибат ва ғамхорӣ шудааст.
Ин нуқтаназарҳои олимони тоҷик дар мавриди ҳузури мухолифн дар ҷаласаи Варшаваи САҲА дар ҳолест, ки чанд рӯзи ахир донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳои кишвар ҳамоишҳои эътирозиро барпо карда, борҳо дар назди дафтари САҲА дар Душанбе даст ба ҳамоишҳои эътирозӣ заданд.
Аз ҷумла 3 ҳазор донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва коллеҷҳои шаҳри Қӯрғонтеппа зимни як ҳамоиши эътирозӣ мавзеъгирии Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо - роҳ додани намояндаҳои мухолифин ба ҷаласаи солонаи ин ниҳодро дар Варшава “ноодилона” хондаанд. Ба иттилои хабаргузории давлатии “Ховар” тазоҳуроти ин донишҷӯёнро дар назди Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа Меҳроҷ Ғуломов раҳбарӣ кардааст.
Ин донишҷӯён САҲА-ро дар дастгирии ҷинояткорон муттаҳам намуда, гуфтаанд “агар ин ташкилот тарафдори тинҷиву оромӣ бошад, дастгирии гурӯҳҳои чиноятпеша чӣ маънӣ дорад?”. Ин донишҷӯён дар баробари САҲА ҳамчунин давлати Лаҳистонро низ муттаҳам донистаанд, ки узви Интерпол асту муҷриминро дастгир ва дар ихтиёри Тоҷикистон намегузорад.
Ин донишҷӯёни муътариз суол гузоштаанд, ки “барои САҲА манфиатҳои гурӯҳи ҷиноятпеша аз тинҷиву оромӣ дар як кишвари мустақил болотар меистад?”
Ҳамчунин ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар торнамои худ изҳороти Созмони ҷавонони факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро нашр намудааст, ки онҳо мавзеъгирии САҲА ва рафтори мухолифиниро маҳкум кардаанд.
Ин ҷавонон ҳузури мухолифинро дар ҷаласаи САҲА ба маънои нахостани пешравии миллат ва давлати Тоҷикистон донистаанд.
Журналистшавандаҳо гуфтаанд, ки “баҳси ҳуқуқи инсон ва зиндониёни ҲНИТ дар Варшава аз сӯи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки ташкилоте бо номи ҲНИТ дар Тоҷикистон нест. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон чаро аз ташкилоте, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти онро манъ кардааст, ҳимоя карданӣ мешаванд?”
Ин ҷавонон гуфтаанд, ки “имрӯз мо сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонем ва мо ҳеҷ гоҳ тасмими бо дасти хоҷагони хориҷӣ оташ ангехтани як гурӯҳ хоинонро ҷонибдор нестем ва онро маҳкум менамоем”.