Боздошти 4 ҷавон барои роҳзании мусаллаҳона дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти 4 ҷавон, сокинони 22-24-солаи шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар роҳзании мусаллаҳона айбдор мешаванд.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, муттаҳамон шаби 30-юми августи соли равон, тахминан соати 01:30 ба хонаи зани 47-сола, сокини пойтахт ҳамлаи мусаллаҳона кардаанд: “Бо таҳдиди корду таппончаи Макаров занро латукӯб карда, аз ӯ ҷавоҳирот ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ, 38000 рубли нақд, се адад телефонҳои мобилии тамғаҳои “Nokia” ва “Sumsung”-и арзишашон 1500-сомониро мусодира кардаанд”.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, феълан далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.