Раддабандӣ: Узбаку қазоқу туркман аз тоҷикон солимтаранд
Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои ҷаҳон оид ба нишондиҳандаҳои тиббӣ- ҳаёт ва саломатии инсон, миёни 188 давлат мақоми 99-умро соҳиб шудааст.
Ин раддабандӣ аз ҷониби маҷаллаи тиббии “The Lancet”-и чопи Бритониё нашр шуда, бар асоси нишондиҳандаҳои фавти навзоду кӯдакон, фавт дар садамаҳои нақлиётӣ, фарбеҳии кӯдакон, истеъмоли машруботу истифодаи тамоку, бемории СПИД, сил, гепатити В ва шумораи худкушӣ таҳия шудааст.
Гузоришгарон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбакистонро пешсаф қарор додаанд, ки дар мақоми 55-ум ҷой гирифтааст. Туркманистон дар ҷойи 60, Қазоқистон - 85 ва Қирғизистон дар зинаи 113-ум қарор доранд.
Кишварҳои Исландия, Сингапур, Шветсия, Андорра ва Британияи Кабир дар садри раддабандӣ ва Судони Ҷанубӣ, Сомалӣ, Нигерия ва Ҷумҳурии марказии Африқо дар охири он ҷой гирифтаанд.