Президент хостори грантҳои БОР дар шароити буҳронӣ шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 22-юми сентябр дар мулоқот бо Венкай Жангро, ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд густариши ҳамкориҳо дар шароити буҳрониро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Венкай Жангро вобаста ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва таъсири бӯҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ пешниҳод гардид, ки ҳаҷми маблағгузорӣ дар намуди маблағҳои имтиёзноки грантӣ аз ҷониби Бонк мавриди баррасӣ қарор дода шавад: “Чунин як пешниҳоди дигар дар робита ба таҷдиду барқарорсозии Нерӯгоҳи барқии обии Норак, инчунин ворид кардани Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Қӯрғонтеппа-Данғара-Кӯлоб ва Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Ваҳдат-Ҷиргатол-Қарамиқ дар соли 2017 ба Нақшаи индикативии маблағгузории Бонк барои солҳои 2016-2018 ба миён гузошта шуд”.
Манбаъ афзуд, дар маҷмуъ Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии Бонк дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ, рушди бахши хусусӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намудаст, ки тӯли солҳои ҳамкорӣ Бонк тақрибан 1,5 миллиард доллар ба Тоҷикистон маблағгузорӣ намуд: “Лоиҳаҳои фаъоли он ба маблағи зиёда аз 785 миллион доллар дар соҳаҳои гуногун амалӣ шуда истодааст”.