Даъвати Вазорати нақлиёт: Аз дучарха истифода баред
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз ронандаҳои васоили нақлиёт даъват кардааст, аз дучарха истифода баранд ё пои пиёда ҳаракат кунанд.
Ин даъват ба хотири “Рӯзи ҷаҳонии бидуни мошин” садо додааст, ки ҳамасола 22 сентябр таҷлил мешвад. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ навиштааст: “Ҷиҳати пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва беҳтар сохтани сатҳи экологии ҳавои фазо аз шаҳрвандои (бахусус аз соҳибони воситаҳои нақлиёт) даъват карда мешавад, ки аз нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ безарар ё камзарар (велосипед, тролейбус, пақлиёти ҷаъмияти ё худ пои пиёда, ки ба саломатии одам фоида дорад) истифода баранд то каме ҳам бошад фазои муҳити зистро аз партовҳои воситаҳои нақлиёт ҳифз намоянд”.
7 сол қабл, соли 2009 Бег Сабур, раҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки он замон муовини вазири нақлиёт буд, аз кормандони вазорат хоста буд, бо дучарха ба кор биёянд. Он замон дар расонаҳо аксҳои худи ҷаноби Сабур бо дучарха нашр шуд, аммо баъдан касе на ӯ ва на кормандонашро савори дучарха надид.