Таъйини сафири нави Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон
Салмон ибни Абдулазиз, шоҳи Арабистони Саудӣ сафири нави кишвараш дар Тоҷикистонро таъйин кардааст.
Рӯзномаи “Ал-Шарқ ал-Асват” менависад, Абдулазиз ал-Бадӣ ба хотири таъйин шудан ба симмати сафири Арабистон дар Тоҷикистон дар дафтари Салмон ибни Абдулазиз савганд ёд кардааст. Манбаъ мегӯяд, дар ин маросим исми сафирони нави Арабистон дар кишварҳои Партугалия, Шветсия, Дания, Буркина Фасо ва Малӣ ҳам эълон шудаанд.
Абдулазиз ал-Бадӣдар ин мақом Бандар Муҳаммад Ҷамилро иваз мекунад. Муҳаммад Ҷамил соли 2010 сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон таъйин шуда буд.