Гуруҳе аз мухолифони давлати Тоҷикистон бо вуруд ба як ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) аз боздошт ва ба зиндон маҳкум кардани аъзои раёсати ҳизби наҳзати исломӣ эътироз карданд. Теъдоде аз мухолифин рӯзи 19 сентябр дар пойтахти Лаҳистон - шаҳри Варшава ҳамоиши эътирозие баргузор кардаву гуфтанд, дар Тоҷикистон ҳуқуқи инсон зери по мешавад ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ бояд ин масъаларо ҷиддӣ бигиранд. Зимнан, “Озодагон” аз соҳибназарони тоҷик пурсид: ФАЪОЛ ШУДАНИ МУХОЛИФИН ДАР ХОРИҶ ЧӢ ТАЪСИРЕ БА ТОҶИКИСТОН МЕГУЗОРАД?
Ёрмуҳаммад НИЁЗӢ, мудири Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳо
Албатта ҳаргуна ҳодисаҳои сиёсӣ нисбат ба дигар ҳодисаҳои табиию иҷтимоӣ зудтаъсир аст, аз ҷумла чунин тазоҳуроте, ки саропо аз хушунат ва таҳқири ҳамдигар, ки сарриштаи онро дарёфт кардан бисёр мушкил ва сардаргумкунанда аст, ки мо киро гунахгор ва киро ҳақ пазирем.Шояд раванди тағйири ҳаводиси таърихӣ ба чунин ҳодисаҳо расидагӣ хоҳад кард.
Хурсанд ХУРРАМОВ, сиёсатшинос
Фаъол шудани мухолифинини тоҷик дар Аврупо даъвати ҷиддие барои Душанбе мебошад. Агар то ин замон ҳукумати расмӣ вуҷуди маҳбусини сиёсӣ ва фишор ба мухолифинро иқрор намекард, баъди иқдоми ахир ин кор барояш як миқдор мураккабтар мешавад. Аз аназари ман, мухолифини тоҷик, аз ҷумла намояндагони ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ба таври бисёр возеҳ муборизаи дар навъи худ бидуни хушунатро пеш гирифтанд, ки метавонад аврупоиҳоро барои гузоштани қадамҳои ҳалкунанда водор намояд. Онҳо метавонанд фишорҳои худро ташдид бахшанд ва ё дар баробари мансабдорони алоҳида таҳримоти мушаххас ҷорӣ кунанд ё бо пахши изҳороти расмии дорои харакатери тавсиявӣ аз канори ин гуна иқдомоти мухолифин рад шаванд.
Маҳмуд БУРҲОНОВ, таҳлилгари сиёсӣ
Дар ин ҷо ду нукта аст: Нуктаи аввал, ҷанбаи инсонии масъала аст. Ҳамон тавре ки ба ҳамагон ошкор аст, дар як соли ахир аъзоёни Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ангезаҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон боздошт ва дар додгоҳҳои ғайри аланӣ ва ғайри шаффоф бо иттиҳомоти сохта маҳкум ба зиндон шуданд, он ҳам бо тӯлонитарин муддатҳо. Хеле табиъӣ аст, ки ин бархӯрдҳои ғайри мунсифона бозтобҳое хоҳад дошт ва барангезонандаи аксуламалҳое хоҳад буд. Билохира он касоне ки зиндон шуданд инсонанд, хонавода доранд, азизоне дорад ва азизонашон дилу отифаву эҳсосот доранд, иззати нафс доранд. Бинобар ин, маълум аст, ки ин бархӯрди ҳукумат дили онҳоро ҷароҳатдор ва иззати нафсашонро поймол менамояд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, баръакс ҳукумат бояд шукр кунад, ки “душманонаш” он қадар бузургвор ва бомаданият будаанд, ки дар баробари ин ҳама бархӯрд, боз ҳам дар чорчӯбҳои маданияти инсонӣ аксуламали худро нишон медиҳанд.
Нуктаи дуввум, ҷанбаи сиёсии масъала мебошад. Набояд фаромӯш кард, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳамон ҳизбест, ки бо шарофати гузашту исори ӯ дар Тоҷикистон ҷанги бародаркушӣ ба поён расид. Имрӯз гӯиё хелеҳо аз ёд бурданд, ки ҲНИТ яке аз тарафҳои сулҳу созиш ва оштии миллӣ буд, ҳизбе ки аз оғози истиқлол сар карда дар тамоми таҳаввулоти сиёсии Тоҷикистон яке аз бозигарони таъсиргузор будааст. Бинобар ин, хеле содалавҳона аст, ки пиндошта шавад, ин пешинаи решадорро метавон, бо чанд моҷароҷӯии сиёсӣ аз андешаи миллат зудуд. Интихоботи парлумони соли 2010-ро ба ёд доред? Тибқи омори шибҳирасмӣ намояндагони ҲНИТ беш аз 40 дарсади орои мардумро аз худ карда буданд. Ин нишонгари пойгоҳи мардумии васеъи ин ҳизб аст, ки табиъатан бо таҳти фишор қарор гирифтан ва мазлум воқеъ шудани ҳизб, ин пойгоҳ дучандон хоҳад гашт. Бо таваҷҷуҳ ба ин, пурвозеҳ аст, ки фаъолият ва таҳаррукоти аъзоёни ҲНИТ дар хориҷ аз кишвар, ба хотири ҷойгоҳ ва пойгоҳи густардаи мардумиаш, бе шубҳа таъсироти зиёд ва созандае дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон хоҳад дошт. Аввалин таъсири он, зинда нигаҳ доштани ормонҳои пайравонаш мебошад, ки солиёни сол бо он ормонҳо ҳаёти сиёсии худро пеш бурдаанд. Таъсири созандаи дигари он эҷоди умед дар дилҳои ҷавононест, ки худкомагии ҳукумат дили онҳоро аз муборизоти мусолиматомези сиёсӣ ноумед карда ва ба самти ифротгароӣ савқ медиҳад. Дар воқеъ ҳар фаъолият ва муборизаи солими сиёсӣ мисли подзаҳре дар баробари рафторҳои заҳролуди худкомагон мемонад, ки дониста ё надониста ҷавононро ба самти муборизоти носолим ва ифротӣ мекашонад. Бинобар ин, фаъолиятҳои имрӯзаи ҲНИТ на фақат барои худаш таъсирбахш аст, балки беш аз он барои ҷомеъа ва ҳаёти сиёсии кишвар таъсири созанда хоҳад дошт.
Меҳрон БАШИРӢ, муҳоҷири тоҷик дар Аврупо
Фаъол шудани ҳаракатҳои оппозитсиюнӣ дар хориҷи кишвар ба фазои сиёсии дохилии Тоҷикистон таъсири чашмрасе надорад. Далели ин иддаои ман он аст, ки ҳар гуна ҳаракатҳои мухолифи ҳар ҳукумат бе доштани заминаҳои дохилӣ ба чизе даст пайдо намекунад. Айни чизро мо дар симои мухолифони тоҷик мебинем. Онҳо дар дохили Тоҷикистон ба гунаи шадид саркӯб шудаанд. Чанд тане ҳам ки мондаанд як ҳарфи онҳо масъалаи буду набудашонро рақам мезанад. Танҳо коре, ки он мухолифони бурунмарзӣ метавонанд бикунанд, ин ба гӯши ҷаҳониён ба таври айнӣ расонидани вазъи мухолифони сиёсӣ дар дохили кишвар аст. Ба мисли вориди ҷаласаи САҲА шудани онҳо.
Абдуманон ШЕРАЛИЕВ, ҷомеашинос
Фаъолияти мухолифин ва фазои сиёсӣ иртиботи мустақим ба ҳамдигар доранд ва тағйир дар равиш ё ҳаракати яке наметавонад ба дигари таъсир нарасонад. Ба хусус дар Тоҷикистон, ки ҳукумат нисбати мухолифинаш бисёр ҳассос аст ва ба камтарин ҳаракоти онҳо вокуниш нишон медиҳад. Ҳамин тазоҳуроти дирӯзаи мухолифин дар бинои САҲА ҳам таъсири чашмрасе ба мақомот доштааст, ки аъзои хонаводаи мухолифинро ба идораҳои мақомоти интизомиву амниятӣ бурдаанд. Ва ин "тадбир"-и мақомот ҳам, ки нисбати мухолифин меандешанд, бе таъсир ба фаъолияти ояндаи онҳо нахоҳад буд. Ҳатто хонаводаи онҳое ҳам, ки аслан дар ҳеч тазоҳурот ва фаъолияти сиёсие ширкат накардаанд ва танҳо гуноҳашон ҳамин будааст, ки дар хориҷ қарор доранд ва озодандешанд, бозпурсӣ шудаанд, ки ин кор ҳам бетаъсир намонда, бештар ба зарари ҳукумат тамом хоҳад шуд. Чун, як нафар шояд ба он хотир сукут ихтиёр кардааст, ки намехоҳад хонаводааш озурда шаванд ё дар фикри зиндагии шахсии худаш аст, вале вақте хонаводааш танҳо бо ин сабаб, ки кадоме гумон кардааст ӯ дар фаъолияти мухолифин ҳамроҳ аст, чун дар хориҷа қарор дорад, истинтоқ ба таҳқир мешаванд, ин нафар тасмимаш ҳам алайҳи онҳое хоҳад буд, ки алайҳи хонаводааш иқдом кардаанд. Ва ҳамин иқдомҳову вокунишҳо чӣ аз тарафи ҳукумат ё мухолифин ва ё шахсони алоҳида, ҳатман дар фазои сиёсӣ таъсир мекунанд.