Эътирози гуруҳе аз ҷавонон назди дафтари САҲА баъди гирдиҳамоии мухолифин дар Варшава (АКС)
Як гуруҳ аз ҷавонони тоҷик бо нишони эътироз аз ҳузури мухолифини ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти марбут ба ҳуқуқи инсон дар Варшава, назди дафтари САҲА (Созмони амният ва ҳамкорӣ дар аврупо) дар Душанбе гирди ҳам омадаанд.
Аслиддин Хушвахтов, яке аз мубтакирони ин ҳамоиши эътирозӣ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, онҳо бегоҳи 20 сентябр дар ҳайати 10 нафар ба дафтари САҲА дар Душанбе рафта, ба намояндаи ин созмон муроҷиатномаеро таслим кардаанд.
Ба гуфтаи Хушвахтов, субҳи имрӯз, 21 сентябр 50 нафар дубора назди дафтари САҲА ҷамъ шуда, ҷавоби муроҷиати худро талаб кардаанд.
Аслиддин Хушвахтов, ки яке аз раҳбарони созмони “Пешоҳанг”, ниҳоди таҳти ҳимояти ВКД, муаррифӣ мешавад, афзуд, дар муроҷиатномаи худ аз САҲА хостаанд, чаро Аврупо нафаронеро, ки дар Тоҷикистон барои содир кардани ҷиноятҳои сангин таҳти пайгард қарор гирифтаанд ва алайҳи онҳо парванда боз шудааст, имкони буду бош медиҳад ва монеи ҳузури онҳо дар нишасти Варшава нашудааст.
19 сентябр гуруҳе аз ҷавонони тоҷик бо баргузории як ҳамоиши эътирозӣ дар шаҳри Варшаваи Аврупо хостори озодии аъзои маҳкумшудаи раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон шудаанд. Ин гуруҳ баъдан вориди толоре шуд, ки он ҷо ҷаласаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар мавзӯи демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон бо иштироки мансабдорону намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, бо шумули Зариф Ализода, омбудсмени тоҷик ҷараён дошт. Эътирозгарон дар тан либос бо аксҳои аъзои маҳкумшудаи раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ доштанд ва дар канори толор қарор гирифтанд.
Аслиддин Хушвахтов мегӯяд, дар муроҷиатномаи худ ба САҲА маълумотеро пешниҳод кардаанд, ки ҷавонони эътирозгар дар Варшава бар асоси кадом қонунҳои Тоҷикистон дар пайгард қарор доранд. Ҳамчунин аз САҲА даъват шудааст, аз давлатҳои узви худ хоҳиш кунад, то нафаронеро, ки Интерпол ҷустуҷӯ дорад, ба Тоҷикистон истирдод кунанд.
Хушвахтов гуфт, ба намояндаи САҲА гуфтаанд, агар дар фурсатҳои наздик посухи САҲА-ро дарёфт накунанд, бо теъдоди бештар гирди ҳам меоянд: “Ҷавонони Тоҷикистон аз ин ки Аврупо ин гуруҳҳоро дастгирӣ мекунанд сахт нороҳатанд ва ин нороҳатии худро аз тариқи муроҷиатномаи худ изҳор кардаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, аз ин амалкарди худ маомоти марбутаи давлатиро дар ҷараён гузоштаанд ва ин кори онҳо ҳамоиш ва ё митинги эътирозие набудааст, ки иҷозаи расмии шаҳрдории Душанберо бигиранд.