Ҳимояти Иттифоқи нависандагон аз даъвои Б.Собир: Ҳаққи адибонро намедиҳанд...
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз даъвои шоир Бозор Собир барои рӯёндани ҳаққи қаламаш аз Кумитаи радиою телевизион ва нашриётҳои кишвар ҳимоят кард.
Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон имрӯз, 21-уми сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” надодани ҳаққи қалами адибони тоҷикро мояи нигаронӣ хонд. Ӯ афзуд, ҳарчанд борҳо дар мавриди рӯёндани ҳаққи қалами шоиру нависандаҳо, ҳам дар даврони раёсати собиқи Иттифоқ ва ҳам дар аҳди раёсати феълӣ ба Кумитаи телевизион ва радио муроҷиат кардаанд, вале натиҷае ҳосил нашудааст: “Шояд ба шарофати ин даъвои устод роҳбарони васоити ахбори оммаи Тоҷикистон минбаъд барои баромадашон ба адибон ҳаққи заҳмат пардозанд. Ҳоло беарзиштарин мол сухани бадеист. Соле 365 рӯз васоити ахбор, дастаҳои ҳунарӣ (барои консертҳои давлатӣ) аз зеҳни адибон истифода мебаранд, вале барояшон як пули пучак ҳам раво намебинанд”.
Ба қавли Ато Мирхоҷа “ҳоло ҳарфи Иттифоқро касе гӯш намекунад ва ба эътибор ҳам намегирад”. Муовини раиси Иттифоқи нависандагон ҳамчунин мегӯяд, ки шахсан ман дар муддати 25 соли охир аз ягон шабакаи ТВ ва радио ягон дирам ҳаққи заҳмат нагирифтаам: “Аксари кулли шоирону нависандагони мо ба ҳамин ҳол мувоҷеҳанд”.
Ато Мирхоҷа мегӯяд, ки чанде пештар Аскар Ҳаким шоир ва раиси пешини Иттифоқи Нависандагон дар як суҳбати инфиродӣ изҳор дошт, ки ҳисоб кардааст, ки Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Тоҷикистон ба андозаи чандин ҳазор сомонӣ аз ӯ ҳаққи қалам қарздор мебошад.
Муовини раиси Иттифоқи нависандагон бо нигаронӣ афзуд, ки “устод Бозор Собир ба туфайли қурбу манзалати бузурге, ки дар назди ҳукумат дорад, пулашро рӯёнд ва мерӯёнад, вале ба доди адибони дигар кӣ мерасида бошад?”.
Ин дар ҳолест, ки Бозор Собир аз шоирони саршиноси Тоҷикистон бо ирсоли як ариза ба бахши захираҳои зеҳнии Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилӣ хоҳиш кардааст, ки ҳаққи қаламашро аз бархе чопхонаҳо ва Кумитаи радио ва телевизион, ки осори ӯро бидуни қарордод ё иҷозаи ӯ нашр кардаанд, руёнад.