АКС: Форсӣ хатте барои сари гӯр дар Тоҷикистон
Иршод СУЛАЙМОНӢ
Ҳафтаи гузашта, дар солрӯзи даргузашти академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ба қабристони Лучоб, ки чеҳраҳои барҷастаи фарҳангу адаб ва ҳунару сиёсати Тоҷикистон он ҷо мадфун мебошанд, рафтам. Ба катибаҳои сари қабри баъзе аз бузургон назар дӯхтам ва ин пиндор дар зеҳнам расид: форсӣ хатте барои сари гӯр дар Тоҷикистон шудааст.
Ба дунбол ба қабристони ҳукуматии Тоҷикистони шӯравӣ, мавсум ба “Қабристони русҳо” дар назди ибодатгоҳи русҳо рафтам, то бубинам, ки дар катибаҳои мазори бузургони сиёсати Тоҷикистони шӯравӣ ҳам форсинавиштаҳо бошанд? Аммо он ҷо чунин манзараеро шоҳид нашудам. Ба ҳар сурат ҳар кадоме аз мо, ки ба ҳар қабристоне сар бизанем, ҳатман дар катибаҳои сари гӯрҳо навиштаҷоте ба форсӣ мебинем.
Расмулхати форсӣ, ки бо номи хати арабӣ, хати ниёгон, хати бобоӣ дар Тоҷикистон ёд мешавад ва бузургтарин сармояҳои фикрӣ, доштаҳои адабиву осори фалсафиву таърихӣ ва илмии ҷаҳоншумули гузаштагони мо бо он навишта шудаанд, аз замони ҳуҷуми арабҳо ба сарзамини мо то соли 1929 дабираи расмии мо буд. Бар асари сиёсати истеъморгаронаи болшевикҳо дар соли 1929 дабираи расмии тоҷикон лотинӣ ва баъдан дар соли 1941 пирилик шуд. Дар солҳои бозсозии поёни Шӯравӣ, замони талошҳо барои мақоми давлатии забон қисме аз бузургон талош карданд, ки ин хатро расмӣ кунанд, вале он замон ин кори номумкин буд. То кунун талошҳои бисёре барои расмӣ кардани ин дабира аз ҷониби рӯшанфикрони мушаххасе дар Тоҷикистон шудааст, вале ҳамагӣ бенатиҷа анҷом гирифтаанд. 10 сол пеш муаррихи варзида, раиси феълии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дар дидори раисҷумҳур бо равшанфикрон ба таври расмӣ, дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди гузаштан ба ин дабираро кард. Вале ин ҳама талошҳо то кунун дар сатҳи руъё боқӣ мондаанд ва имрӯз “форсӣ хатте барои сари гӯр дар Тоҷикистон аст”.