Изҳороти Human Rights Watch ва Norwegian Helsinki Committee дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон
Дидбони ҳуқуқи башар ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвеж бо пахши як изҳорот гуфтаанд, ниҳодҳои ҳукуматӣ ва байниҳукуматӣ бояд буҳрони бадтар шудани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро маҳкум кунанд. Ин нукта инчунин дар ҷаласаи 19 сентябри Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Варшава бо пахши як навор ироа шудааст.
Дар изҳороти муштараки ин ду созмон азҷумла гуфта шудааст: “Амрико ва Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои аъзо, ҳамчунин кишварҳои узви САҲА бояд барои набуди ислоҳот таҳримҳои ҳадафманд ҷорӣ кунанд”.
Дар идома таъкид шудааст, ки Тоҷикистон миёни вахимтарин буҳрони ҳуқуқи башар дар тӯли 20 соли ахир қарор дорад: “Мақомот давоми 2 сол аъзои ҳизби мухолифро боздошт, зиндонӣ ва шиканҷа намуда, ҳизби мухолифи пештозро террористӣ унвон кард”.
Дар изҳороти Дидбони ҳуқуқи башар ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвеж омадааст, мақомот чанде аз вакилони мудофеъ, рӯзноманигорон ва касонеро, ки баёнияҳои интиқодиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷо мекарданд, боздошт намуд. Ин ду созмон аз Амрико ва Иттиҳоди Аврупо хостаанд, барои ҳукумати Тоҷикистон як ҷадвали замонӣ дуруст кунанд, то барои анҷоми беҳбудӣ дар заминаи ҳуқуқи башар уҳдадор шавад ва рӯшан кунад, ки пайгирӣ накардани он паёмадҳои хоси сиёсиро ба дунбол хоҳад дошт: “Иқдомҳое ба монанди маҳдудияти додани раводид, ҳабси дороиҳои мақомдорони давлатӣ ва уҳдадорӣ барои нақзи ҳуқуқи инсон бо шумули шиканҷа ва боздошти худсарона гирифта мешаванд”.
Мариус Фоссум, намояндаи Кумитаи Ҳелсинкии Норвеж дар умури Осиёи Марказӣ гуфтааст: “Шарикони байналмилалии Тоҷикистон бояд ба гунаи рӯшан ва ба иттифоқи оро нақзи феълии ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон маҳкум кунанд, чун вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикисон берун аз контрол шудааст. Вошингтон, Брусел ва аъзои дигари САҲА-ро лозим аст таҳримҳои мумкинро ба сурати қонунӣ дароваранд ва имтиҳон кунанд, то беҳбудии вазъи ҳуқуқи инсон ба амал биёяд”.