Дэвид Моран, Сафири Британияи Кабир ин хабарро ба райисҷумҳури Қирғизистон хонум Роза Отунбаева расонида афзуд, хурсандам, ки Британияи Кабир дар Бишкек сафоратхона мекушояд. Ин ҷонибдории моро аз таҳкими муносибатҳои дуҷониба, дастгирии қатъии моро барои таъмини субот, мусолиҳа ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ки ба манфиати тамоми мамлакат мебошад, нишон медиҳад. Барномаи кӯмаки Британияи Кабир фаъолиятро дар самти беҳтар намудани идоракунӣ ва пешгирии низоъ идома хоҳад дод.
Маврид ба ёдоварист, сафоратхона дар ҳамкории зич бо шӯъбаи минтақавии вазорати рушди байналмиллии Британияи Кабир (ВРББ) фаъолият менамояд. Барномаи ВРББ дар Осиёи Марказӣ дар як сол қариби 14 млн. фунт стерлинг (ҳудуди 22 млн. доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад. Асосан ин барнома ба кишварҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон равона гардида, дафтари асосии ВРББ-и Осиёи Марказӣ да шаҳри Душанбе воқеъ мегардад. Барои шаҳрвандони Қирғизстон зарур меояд, ки барои гирифтани раводид ба Британия ба шаҳри Алмато сафар намоянд.