Хоҳиши бозгашти наҳзатиҳои фирорӣ ва ваъдаи омбудсмени тоҷик: Суҳбат мекунем...(АКС)
Як гуруҳ ҷавонони тоҷик, ки худро мухолифини ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, бо баргузории як ҳамоиши эътирозӣ дар шаҳри Варшаваи Аврупо хостори озодии аъзои маҳкумшудаи раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон шудаанд.
Ин гуруҳ, ки ҳудуди 20 нафарро ташкил медиҳад, 19-уми сентябр вориди толоре шуданд, ки он ҷо ҷаласаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар мавзӯи демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон бо иштироки мансабдорону намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик ҷараён дошт. Дар ин ҷаласаи солона, ки бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзои САҲА ҷараён дорад, Тоҷикистонро дар баробари намояндагони дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ инчунин Зариф Ализода, омбудсмени тоҷик намояндагӣ мекунад.
Эътирозгарони тоҷик, ки вориди толори ҷаласа шуданд, дар тан либос бо аксҳои аъзои маҳкумшудаи раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ доштанд ва дар канори толор рост истода ба ҷараёни ҳамоиш халал ворид накардаанд.
Дар ин бора иштирокдорони ҳамоиш, аз ҷумла Стив Свердлов, масъули Дидбони ҳуқуқи башар дар саҳифаи интернетияш хабар додаст.
Дар доираи ин ҳамоиш эътирозгарон дар хитоб ба Ализода изҳор доштаанд, ки ғурбаташон ихтиёрӣ несту хоҳони бозгашт ба Ватан мебошанд ва барои ин бояд риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар таъмин бошад. Дар посух омбудсмени тоҷик изҳор дошт, ки сафараш ба Варшава ду ҳафта давом мекунад ва ваъда дод, ки тайи ин муддат бо эътирозгарон суҳбати муфассал хоҳад дошт.