Иқдоми нави мақомот барои мусодираи хонаҳои зану фарзандони Зайд Саидов
Мақомоти Тоҷикистон барои мусодираи хонаҳои ҳамсару фарзандони Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ иқдом кардаанд.
Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт судиҷрочиён охири ҳафтаи гузашта ба хона омада, талаби холӣ кардани онро кардаанд: “Варақаи дасташонро дидам. Тамоми молу амвол ва хонаҳои фарзандон дар он ҷо аст. Мо 10 фарзандем, ҳамроҳи фарзандҳои худ куҷо равем?”.
Хайрулло Саидов ба кӯча рондани писару набераҳои Зайд Саидовро ғайриқонунӣ хонд, зеро ин хонаҳо моли писаронанд ва ба парвандаҳои падар ҳеч рабте надоранд: “Бояд дар мавриди мусодираи ҳар хона мурофиа сурат бигирад ва исбот шавад, ки он моли кисту кайу чӣ гуна ба даст омадааст? Бояд дар додгоҳ муҳокима шавад, ки масалан, ғайриқонунӣ ба даст омадааст. Агар мусодира шавад он ҳам бояд аз падарам бошад. Он моле, ки аз ҳамсар ва фарзандонаш аст, бояд мавриди суол ҳам қарор нагирад. Набояд рафта ҳамаи фарзандонро берун куниву хонаҳояшонро бигирӣ”.
Ӯ афзуд додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бидуни иштироки намояндаи хонаводааш қарор кардааст, ки гӯиё Зайд Саидов ба Окушев С, соҳибкори қазоқ бояд беш аз 2,7 миллион сомонӣ ҷуброн пардозад ва дар назар аст, ки хонаҳо на ба давлат, балки барои ҷуброни ин қарз равона хоҳанд шуд.