Иштироки корхонаҳои нассоҷӣ ва дузандагии Тоҷикистон дар намоишгоҳи “Текстиллегпром”
Намояндагони чанд корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар намоишгоҳи “Текстиллегпром”-и Маскав, бузургтарин намоишгоҳи байналмилалии нассоҷӣ ва либосвории Русия иштирок мекунанд.
Аз Маркази тиҷорати байналмилалӣ ба “Озодагон” гуфтанд, дар ин намоишгоҳ, ки аз 20-ум то 23-юми сентябр баргузор мешавад, корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии “Ваҳдат” (ҷӯроб ва ришта), “ХИМА-Текстил” (ришта), “Мафтуна” (либоси занонаву кӯдакона), “Меҳровар” (либоси махсус ва либосворӣ), “Нафиса” (ҷӯроб), “Нассоҷии Хуҷанд” (матоъ, либоси мардонаву занонаву кӯдакона), “Ноҳид” (трикотаж, либоси тагпӯши мардонаву занона), “Олим Текстайл” (ришта, матоъи пахтагин), ва “РБТ Тоҷикистон” (ришта) ширкат меварзанд: “Ин сафар ва иштироки корхонаҳои зикршуда дар намоишгоҳи Маскав бо ибтикори лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат гузаронида мешавад”.
“Текстиллегпром”, ки ҳамчун Намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук ҳам шинохта мешавад, соле ду бор тақрибан 2000 ширкати тиҷоративу саноатиро ҷамъ меоварад. Теъдоди меҳмонони намоишгоҳ то ба 37000 нафар мерасад, ки дар майдони бештар аз 65000 метри мукааб бо маҳсулоти замонавии беш аз 2500 ширкат шинос мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, “Текстиллегпром” истеҳсолкунандагон ва харидоронро аз тамоми минтақаҳои Русия гирдиҳам меорад, ки имкони хуби шиносоӣ бо вазъи бозорро медиҳад: “Аз ин рӯ, ин намоишгоҳ барои корхонаҳои содиркунандаи Тоҷикистон имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байнулмилалӣ намоиш бидиҳанд, бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоянд ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшанд. Русия яке аз муҳимтарин ва ҷолибтарин бозор барои содироти маҳсулоти нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Сабабаш ҳам имкониятҳои ин бозор, мавқеъи ҷуғрофӣ, муносибатҳои наздики иқтисодӣ миёни ду кишвар, мавҷудияти тамосҳои фарҳангӣ ва шароити нисбатан мусоиди вуруд ба бозори Русия мебошад”.