Тасмими Донишгоҳи улуми пизишкии Эрон барои таъсиси шӯъбааш дар Тоҷикистон
Раиси Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштии Эрон гуфтааст, қасди таъсиси ду шӯъбаи байналмилалӣ дар берун аз хоки кишварро доранд.
Хабаргузории “ИСНО” аз қавли Алиасғар Пайвандӣ навиштааст, яке аз ин шӯъбаҳо дар Тоҷикистон таъсис мешаванд: “Ин шӯъбаҳои байналмилалӣ дар ду кишвар -- Умон ва Тоҷикистон таъсис хоҳанд шуд ва дар ҳоли ҳозир корҳои муқаддамотӣ ва идории роҳандозии ин шӯъбаҳоро анҷом медиҳем”.
Ҷаноби Пайвандӣ бо ишора ба барномаҳои байналмилалии донишгоҳ гуфтааст, Донишгоҳи Шаҳид Биҳиштӣ бо таваҷҷуҳ ба тавоноиҳое ки дорад, бояд барномаҳои худро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ тавсеа бидиҳад: “Ба ҳамин далел ин донишгоҳ 3 соли гузашта бо ҳадафи гирд овардани неруҳои дохили донишгоҳ, барқарории иртибот бо донишгоҳҳо ва ҷазби донишҷӯёни хориҷӣ муовинати байналмилалии худро таъсис дод”.
Раиси донишгоҳ афзуда, дар ҳоли ҳозир 14 ҳазор донишҷӯ дар 230 ришта ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.