Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ дар бораи Шакурӣ: Форсизабонон устоди доно ва дилсӯзро аз даст доданд (АКС)
Дар чорумин солрӯзи даргузашти академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ёдбуди ӯ баргузор шуд.
Ин маросим бо ибтикори Пажуҳишгоҳи фарҳанги форсии тоҷикии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар оромгоҳи Лучоб сурат пазируфт. Доктор Мирзо Мулоаҳмад, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Эрон аз нақш ва ҷойгоҳи Шакурӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ва ҳамчунин аз хадамоти арзишманди ӯ дар ҳавзаи фарҳангии форсзабонон ёдовар шуд. Ҳуҷаттулоҳ Фағонӣ,сафири Эрон дар Тоҷикистон бо баёни байти
“Тоҷикистон чу осмон бошад,
Моҳи ин осмон Шакурии мост”, иброз дошт, устод Шакурӣ ба унвони на фақат моҳи осмони Тоҷикистон, балки яке аз ситорагони пурфурӯғи Эрони фарҳангист. Ба гуфтаи ӯ, ин бузургмард умри гаронқадрашро масруфи навиштани 40 китоб ва қариб 500 мақолаи пажуҳишӣ кард ва соҳиби яке аз беҳтарин фарҳангҳои луғати забони форсӣ аст, ки дар Эрон низ ба хатти форсӣ баргардонда шудааст: “Ӯ фарди номошное дар Эрон аст ва ба поси хадамоти фарҳангиаш ба ҷаҳон ба узвияти пайвастаи фарҳангистони забон ва адаби форсӣ даромада, дар соли 2005 унвон ва ҷоизаи чеҳраҳои мондагори Эронро дарёфт намуд”.
Дар ин маросими ёдбуд инчунин Шодимуҳаммад Сӯфизода, раис Китобхонаи илмии Академияи улум, профессор Ҳоким Қаландар, муовини раиси Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи улуми Тоҷикистон, Ҳасан Қарибӣ, раиси пажуҳишгоҳ, профессор Равшан Раҳмонӣ ва дотсент Муртазо Зайниддинов, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар бораи мақоми илмӣ, фарҳангӣ ва нақши академик Шакурӣ дар Тоҷикистони имрӯз сухан гуфтанд.
Паёми доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ ва Бунёди байналмилалии Саъдӣ қирота шуд, ки дар он гуфта мешуд: “Чаҳорумин солрӯзи даргузашти устоди муҳтарам Муҳаммадҷон Шакурӣ фурсате ба даст медиҳад, то ёди ӯро гиромӣ бидорем. Бо даргузашти устод Шакурӣ натанҳо Тоҷикистон донишманди бузургро аз даст дод, балки ҳама форсизабонон устоди доно ва дилсӯзро аз даст доданд”.
Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ 16 сентябри соли 2012 дар синни 87-солагӣ даргузашт. Ӯ тӯли шаст соли кораш дар Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёт даҳҳо асару садҳо мақола дар мавриди адабиёти муосир, классикӣ ва забони тоҷикӣ навиштааст. Устод муаллифи 44 китоб ва бештар аз 500 мақола буда, бештари дастхатҳои ӯ дар Интернет бо забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ ҷой дода шудааст.