Муҳиддину “Коса”-ашро дар Лондон интизоранд
Филми кутоҳҳаҷми “Коса”-и коргардони ҷавони тоҷик Муҳиддини Музаффар ба ҷашнвораи байналмилалии “ОСА IF-2016” (Open Central Asia) даъват шудааст.
Аз Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ин ҷашнвора моҳи октябри соли равон дар шаҳри Лондони Бритониё баргузор мешавад: “Филми “Коса” аз нахустин филмҳои “Суғдсинамо” буда, соли 2015 пешниҳоди тамошобинон гардид. Он аз 25 дақиқа иборат буда, дар бораи оилаву оиладорӣ ва муқаддасоти он, эҳтироми падар ва гардиши фалак қисса мекунад”.
Муҳиддини Музаффар, коргардони филм мегӯяд, сенарияи “Коса” дар асоси ривоятҳои халқӣ таҳия гашта, нақшҳои асосиро дар он Ислом Саломов ва Сайёда Турсунова иҷро кардаанд.
Филми “Коса” аз ин пештар дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусалмонӣ намоиш дода шуд. Ин фестивал аз 5 то 11 сентябри соли равон дар шаҳри Қазони Русия сурат пазируфт.