Нархи оби нӯшокӣ дар Душанбе 9 дирам гарон мешавад
Шурӯъ аз якуми октябр дар шаҳри Душанбе арзиши истифодаи оби нушокӣ барои аҳолӣ ва корхонаҳои ғайрибуҷавӣ 20 дарсад боло меравад.
Аз корхонаи “Обу корези Душанбе” имрӯз, 17 сентябр ба “Озодагон” гуфтанд, ҳоло сокинони пойтахт барои 1 метри мукааб 52 дирам пардохт мекунанд: “Минбаъд 9 дирами дигар бар он зам хоҳад шуд”.
Ба иттилои манбаъ, корхонаҳои ғайрибуҷавӣ ба ҷойи 4 сомониву 48 дирами феълӣ шурӯъ аз якуми октябр барои 1 метри мукааб 5 сомониву 38 дирам пардохт хоҳанд кард: “Арзиши истифодаи об барои корхонаҳои буҷавӣ аз якуми январи соли 2017 боло бурда мешавад”.
Масъулини корхонаи “Обу корезӣ” мегӯянд, қарори болоравии наврхи оби нушокӣ дар ҳамдастӣ бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ 29 июни соли 2016 ба тасвиб расидааст.