Ҳамдардии Э.Раҳмон ба мардуми узбак дар ҷаласаи ИДМ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар оғози суханрониаш дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) дар робита ба марги Ислом Каримов ба мардуми узбак изҳори ҳамдардию таслият кардааст.
Ин ҷаласа 16 сентябр дар Қароргоҳи ҳукуматии Ала-Арчаи Қирғизистон баргузор шуд. Аз 11 раҳбари кишварҳои узви иттиҳод, танҳо 7 нафар – Эмомалӣ Раҳмон (Тоҷикистон), Илҳом Алиев (Озарбойҷон), Серж Саргсян (Арманистон), Александр Лукашенко (Белорус), Нурсултон Назарбоев (Қазоқистон), Владимир Путин (Русия) ва Алмосбек Отамбоев (Қирғизистон) иштирок доштанд. Молдоваро сарвазир Павел Филип, Туркманистонро муовини аввали сарвазир Бяшиммурод Хоҷамамедов, Узбакистонро вазири корҳои хориҷӣ Абдулазиз Комилов ва Украинаро сафираш дар Бишкек Николай Дорошенко намояндагӣ карданд.
Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки “дар чоряк асри гузашта ИДМ нақши боризи худро дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии давлатҳои аъзо гузошта ҳамгироии манфиатбори байнидавлатиро дар ҳама соҳаҳои афзалиятнок дар сатҳи ҷавобгӯ ба талабот нигоҳ доштааст”.
Соли 2017 раёсати ИДМ бар уҳдаи Русия вогузор шудааст. Ба гуфтаи Сергей Лебедев, раҳбари Кумитаи иҷроияи ИДМ, соли 2018 раёсати ИДМ ба ихтиёри Тоҷикистон дода мешавад.