Шурӯи таҳқиқи зери хок мондани ду бародар дар Русия
Ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми кандани замин зери хок мондаанд.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ ин ҳодиса баъди зуҳри 15 сентябр дар рустои Покровкаи ноҳияи Клинский ба вуқӯъ пайвастааст. Ин ду нафар 24 ва 26 сол дошта, бо ҳам бародар будаанд. “Талоши ҳамкорон барои наҷоти онҳо бенатиҷа будааст. Бародарон аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”,-менависанд расонаҳо.
Раёсати тафтишотии Русия ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ кардааст.