Баҳси раиси “ВАК”-и Тоҷикистон бо Илолов баъди тааҷҷуби Медведев аз докторҳои зиёди тоҷик
Абдулҳаким Розиқзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Тоҷикистон дар вокуниш ба тааҷҷуби Дмитрий Медведев, сарвазири Русия аз ҳимояи 80 рисолаи номзадию докторӣ тайи 1 сол дар Тоҷикистон, изҳор доштааст, ки “ин ҷо манзури Д.Медведев на бадгумонӣ дар салоҳиятнокии унвонҷӯҳои Тоҷикистон, балки бештар шакку шубҳаи ӯ нисбат ба фаъолияти «ВАК»-и Русия мебошад”.
Розиқзода бо нашри як изҳороти расмӣ гуфтааст, муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014, № 255 таъсис ёфта, Низомномаи он 17 июни соли 2015, № 504 тасдиқ шудааст.
Розиқзода аз Мамадшо Илолов, собиқ президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон интиқод кардааст, ки гӯиё аз кори Комиссияи олии атестатсионии Тоҷикистон хабар надорад ва дар расонаҳо изҳор доштааст, “мо барои гузаштан ба ВАК-и миллии хеш набояд шитоб кунем”.
Иддао, ки бо таъсиси ВАК дар Тоҷикистон риски хариду фурӯши унвонҳо ва ба дасти афроди ношоиста уфтодани унвонҳои илмӣ меафзояд, норозигии Розиқзодаро ба вуҷуд овардааст. Ӯ дар посух ба Мамадшо Илолов, ки ин рискро воқеӣ хондааст, гуфт: “Муҳтарам Мамадшо Илолов, бояд хотирҷамъ бошед, дар таъсиси ВАК-и миллӣ айни ҳол ҳеҷ гуна хавфи ҷиддӣ вуҷуд надорад, зеро КОА ҳуҷҷатҳо ва механизмҳоеро таҳия ва коркард намудааст, ки «хатару эҳтимолияти хариду фурӯши дараҷаҳо ва унвонҳоро» ҳатман аз байн мебарад. Дар зимни фаъолияти худ КОА ҳаргиз иҷоза нахоҳад дод, ки рисолаҳои илмии дур аз ҷанбаҳои илмӣ, ихтирооту кашфиёти хому бебунёд иншошуда ба шӯроҳои диссертатсионӣ роҳ ёфта, аз шӯроҳои ташхис гузаранд. Таъсиси «ВАК»-и миллӣ ҳаргиз маънои ба осонӣ «доктор PhD» шуданро надорад. Аз сӯйи дигар, тавре ки маълум аст, дар Тоҷикистон бар зидди амалҳои коррупсионӣ муборизаи шадид бурда мешавад. Зиёда аз ин, ба иттилои муҳтарам Мамадшо Илолов расониданием, ки бо назардошти таҷрибаи талхи ҳамсоякишварҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон яку якбора ва пурра аз ҳамкорӣ бо ВАК- и Федератсияи Русия даст кашиданӣ нест ва ҳамзамон бо пурра таҳия ва қабул шудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва оғози фаъолияти амалӣ марҳила ба марҳила ин равандро амалӣ хоҳад кард”.
Раиси КОА-и назди Президенти Тоҷикистон дар идома алайҳи изҳороти дигари Илолов баромадааст, ки дар суҳбаташ бо “Озодӣ” пешниҳод кардааст, салоҳияти додани унвонҳои илмӣ ба донишгоҳҳо дода шавад: “Мантиқ куҷост? Аз муҳтарам академик пурсида мешавад, магар ба донишгоҳҳо додани ин салоҳият ба қавли худатон «хавфи воқеъӣ»-ро зиёд намекунад?! Ба таваҷҷуҳи академики муҳтарам М. Илолов мерасонем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ин ҳам бо сабабҳои гуногун таъсиси ин ниҳоди басо муҳими таъминкунандаи истиқлолияти кишвар дар омода сохтани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ, ки аз ҷумлаи яке аз рукнҳои муҳими истиқлолияти миллиамон мебошад, хеле ба таъхир афтод. Агар ба маслиҳати Шумо амал карда, «боз 5 — 6, ҳатто10 сол» даст болои даст гузошта сабр намоем, ҳеҷ гоҳ аз дастнигарӣ ва вобастагии бегонагон халосӣ нахоҳем ёфт”.
Ин баҳс дар ҳолест, ки ахиран Дмитрий Медведев, сарвазири Русия дар Санкт Петербург аз теъдоди зиёди унвонгирандаҳои Тоҷикистон изҳори тааҷҷуб карда, афзуд, ки танҳо соли 2015 дар Донишгоҳи миллӣ ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 80 рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя шудааст: “Чизи баде гуфтанӣ нестам, аммо ҳамчун факт сари ин мавзуъ бояд фикр кард”.